АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Абр шино карда рафт, тамом! Агар чизҳоятро дар зери
абр пинҳон кунӣ, чизеро ёфта наметавонӣ!
Зоғ ба фикр фурӯ рафта, гуфт:
– Сарамро гаранг накун! Боз абр куҷо шино мекардааст?
Ту ҳамаи ин гапҳоро аз худат бофта, баровардаӣ, ки чизҳои
маро соҳиб шавӣ!
Ҳамин тавр вай ба гурбаи доно бовар накард. Мисли пешина, чизҳои дуздидаашро дар зери абр пинҳон мекард.
Ҷонварон аҳмақии зоғро фаҳмида, ӯро тамасхур мезаданд:
– Эй зоғ, охир, ту моро аз ханда рӯдакан кардӣ!
– Чизҳоятро аз зери абр ёфтӣ?
Зоғ аз ин масхараҳо аз гурба бештар хафа шуд.
– Ман гумон доштам, ки ту дугонаи манӣ,– қар-қар кард
вай.– Аммо ту ҷойи чизпинҳонкунии маро ба ҳама нақл
кардӣ.
Аз ҳамон замон дӯстии зоғ ва гурба ба охир расид. Пас аз
он зоғ кӯ ба кӯ гашта, қар-қар мекунад: «Эй гурба, чизҳои
маро деҳ!»
ИБОРАИ СЕҲРНОКИ «ПИР ШАВ»
Ин воқеа дар замонҳои хеле қадим рух дода буд. Боре, дар бевақтии шоми боронӣ духтаре бо номи Ямато аз саҳро ба хона мерафт. Роҳ бошад аз назди гӯристон мегузашт. Ямато рафту рафт ва дар роҳ ба гӯшаш садои гиряи кӯдаке расид.
Духтарак ба атроф нигариста, дид, ки дар рӯйи гӯри кӯҳнае кӯдаке гиря дорад. Дурусттар нигоҳ карда дид, ки он кӯдак не, балки гурбаи сиёҳе аст.
Ямато ҳатто ба тарсидан ҳам фурсат наёфта, аз гӯри кӯҳна овози хирросии ваҳмангез баромад:
– Эй, гурба, чаро дар ин ҷо нолиш мекунӣ?!
Гурба итоат карда, аз мявгӯӣ бозмонд. Аммо Ямато дар паси дарахт пинҳон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё