АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Ӯ аз ҷояш наҷунбидаву садо набароварда, меистод.
– Медонӣ,—идома ёфт овози зери гӯр, – вақте ки шоми
ҳавои соф фаро мерасад, пеш аз он, ки дар хонаҳо шамъ
афрӯзанд, ба хонаи калоне рав, ки девори ҳавлиаш аз санг
аст. Дар пеши дарвозааш нишину то раҳми соҳибони хона
омадан мяв гӯ. Бигзор фикр кунанд, ки кӯдаке гиря мекунад.
Дар ин вақт кӯдаке, ки дар он хона ба наздикӣ ба дунё омадааст, атса мезанад. Вақте ки ӯ се маротиба атса зад, ҷонаш
мебарояд, яъне мемурад.
– Фаҳмо,– хур-хур кард гурба,– се маротиба атса занад
дигар роҳи халосӣ надорад?
– Не,– баланд шуд овози хиррӣ.– Аз ин одамон ҳар чиз
умедвор шудан мумкин. Дониста бош, ки агар пас аз атса
задани кӯдак касе «пир шав» гӯяд, ҷодуҳои мо таъсир намекунанд. Тозон рав!
Гурба боз ба садои гиряи кӯдак тақлид карда, давон дар
торикӣ аз назар ғоиб гашт.
Ямато дар паси дарахт шах шуда монда буд, на зинда буданашро медонист ва на мурда буданашро. Вай сахт тарсид.
Ӯ каме интизор шуд ва ноаёну бешарфа ба деҳа рафт. «Чӣ
хел ибораи сеҳрнок ёд гирифтам»,– дар роҳ аз дил мегузаронд духтарак.
Ямато қарор дод, ки дар бораи чизи дидааш ба касе ҳарфе
назанад. Ӯ нахустин шоми ҳавои софро интизор шуд. Вай
бисёр мехост кӯдакеро, ки дар хонаи ҳоиташ сангин ба қарибӣ ба дунё омадааст, наҷот диҳад.
Духтарак аз бомдод то хуфтан дар саҳро кор мекард.
Ниҳоят ҳаво софу беғубор шуд ва шом ҳам фаро расид.
Ҳанӯз торик нашуда буд, ки духтарак ба назди хонаи ҳоиташ
сангин рафт.
– Эй Ямато, чаро имрӯз барвақт аз саҳро омадӣ?– бо
тааҷҷуб пурсид соҳиби хона.
– Шунидам, ки саломатии кӯдаки шумо хуб нест,– ҷавоб
дод духтарак,– қарор додам, ки ӯро бинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё