Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ҷинҳо ҳанӯз маст нашуда буданд.
– Ой, наход кайҳо рӯз шуда бошад?
– Не, ҳоло барвақт аст. Аҷаб. Ин овози чӣ бошад?
– Ҳа, хеле аҷиб! Биёед, кофтукоб кунем, шояд дар ин ҷо касе ҳаст.
Ҷинҳо пушти Ҷизо-самаро кофта, духтарро диданд.
– Дар ин ҷо! Дар ин ҷо одам! Дар ин ҷо як духтарча! Онҳо духтари аз тарс ларзонро дида, ӯро кашола карда бароварданд.
– Беақл! Аблаҳ! Гумон кардӣ, ки мисли хурӯс овоз карда метавонӣ! Ӯро пора месозем ва барои сакэ газак мекунем!
– Бубахшед! Ой-ой-ой! Ёрӣ диҳед! Ман... дигар такрор намекунам! Фақат ма... ма... маро нак… накушед – ашкрезон илтимос кард духтарак.
Вай ба зӯру азоб аз дасти ҷинҳо халос хӯрда, ба хонаашон баргашт.

ЗОҒ ВА АБР

Аз қадимулайём зоғ ва гурба душманони ашаддӣ ҳисоб мешаванд. Барои чӣ чунин шудааст?
Буд набуд зоғе буд. Вай ҳамеша дӯст медошт, ки ҳар чизи ба дасташ афтодаро ба дурӣ бурда, пинҳон кунад. Пинҳон мекард, вале худаш ҳам пайдо карда наметавонист. Ин кор ӯро ғамгин мекард. Рӯзе зоғ ба назди гурба барои маслиҳатпурсӣ омад.
– Гурбаҷон, ба ман ёрӣ деҳ,– гуфт ӯ.– Барои чӣ ман чизҳои пинҳонкардаамро намеёбам?
– Ту онҳоро дар куҷо пинҳон мекунӣ?– пурсид гурба.
– О! – хитоб кард зоғ.– Онҳоро дар ҷои аз ҳама хуб пинҳон мекунам! Дар зери абр! Ба осмон нигоҳ карда абри зебоеро интихоб мекунам ва дар зери он, дар бехи ягон бутта чизҳоямро пинҳон мекунам.
– Охир ту беақл ҳастӣ, зоғ! – хандид гурба.– Магар ту намедонӣ, ки абр дар осмон намеистад, вай шино карда меравад!

пешина
аз 29
навбатӣ