АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

– Шом ба хайр, Ҷизо-сама. Чаро чеҳраат чунин ғамгин аст? Ҳама мегӯянд, ки Ҷизо-сама чеҳраи нурониву меҳрубон дорад. Гуфтагӣ барин, иҷозат деҳ, ки ман имшаб дар ҳамин ҷо хоб кунам. Аз ягон намуд ҷин наметарсам ва ба овози хурӯс хуб тақлид карда метавонам. Ин як кори тамоман одӣ аст. Агар ин бегоҳ бобарор шавад, ман ба ту хидмати хубе мекунам.
Ҷизо-сама ин гапҳоро шунида, фикр кард: «Ин духтари ғалатӣ аз куҷо омада бошад?»
Хоҳари хурдӣ ба ҳеҷ чиз эътибор надода, ба пушти Ҷизосама пинҳон шуд.
– Хоҳӣ нахоҳӣ ман дар ҳамин ҷо шабро мегузаронам. Эҳ, Ҷизо-сама, ту чӣ хел чиркину пурчанг ҳастӣ! Шаби дароз дар ин ҷойи чиркин истода, мукофоти калон нагирифтан ҳам хуб нест. Хайр биё, майлаш.
Вай ғур-ғуркунон кулчаи бо худ овардаашро хӯрдан гирифт.
– Бомаза менамояд! Ба ман ҳам як кулча намедиҳӣ? – пурсид аз вай Ҷизо-сама.
Хоҳари хурдӣ рӯяшро турш кард.
– Чӣ гуфтӣ? Бутҳо хӯрок намехӯранд-ку. Туро Ҷизо-сама нею Ошхӯри ҷомадарон ном медоданд муносибтар буд. Ту он қадар ором ҳам набудаӣ. Фу, дилам ғаш кард! – гуфта, бо думи чашм ба Ҷизо-сама нигоҳи заҳдоре кард.
Баъди ин Ҷизо-сама дигар чизе нагуфт.
Шаб нисф шуд ва ҷинҳо мағал бардошта, омаданд.
– Омаданд! Ниҳоят омаданд! – хурсанд шуд хоҳари хурдӣ.
Имшаб ҳам ҷинҳои сурху кабуд омада, тилою нуқра шумурданд ва ба айшу ишрат машғул гаштанд.
Хоҳари хурдӣ ғарами тилоро дида, аз чашмгуруснагӣ тоқаташ тоқ шуд. Вай пеш аз мӯҳлат кулоҳро тап-тап зад ва овоз баровард. Овозаш ҳам ба овози хурӯс монанд набуд:
– Қуруруууу! Қур-қурурууу! Қуууу! Қууу-қууу!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё