АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Падару модараш дар хона хавотир шуда буданд. Вай чӣ
тавр бо Ҷизо-сама вохӯрданаш ва тилою нуқра ёфтанашро
нақл кард. Падару модараш хурсанд шуда гуфтанд:
– Бисёр хуб шудааст! Ин мукофот барои дили нарм ва хислати хуб доштани ту аст.
Танҳо як нафар аз комёбии хоҳари калонӣ хурсанд нашуд.
Вай хоҳари бадкору бахили хурдӣ буд. Вай мехост, ки
апаашро нороҳат кунад, аммо баракс шуд. Ба ҷойи бечилғӯза
ба хона баргаштан бо тилою нуқра баргашт. Хоҳари хурдӣ
ҳасад мебурд.
Ин дафъа хоҳари хурдӣ халтаи сӯрохшударо худаш гирифта, аз апааш хоҳиш кард, ки боз ба кӯҳ барои чилғӯзачинӣ раванд. Чӣ тавре ки хоҳари хурдӣ халтаи сӯрохро гирифта буд, он пур намешуд. Хоҳари калонӣ бошад зуд халтаашро пур кард.
– Ман кайҳо халтаамро пур кардам! Ту чӣ? – пурсид ӯ.
– Халтаи ман ҳанӯз ҳам қариб холӣ аст, – ҷавоб дод
хоҳари хурдӣ.
– Биё, халтаатро дукаса пур мекунем.
– Не, лозим не. Ба кори ман дахолат накун!
– Хайр, биё халтаи маро ду тақсим кунем.
– Не, даркор не! Аҳмақӣ накун. Халтаатро пур карда
бошӣ, ба хона баргард, – бо қаҳру ноз гуфт хоҳари хурдӣ.
Хоҳари калонӣ ноилоҷ ба хонаашон рафт.
– Акнун хуб шуд! – зери лаб гуфт хоҳари хурдӣ ва зуд
роҳашро ба тарафи кӯҳ идома дод, – кош, ки тезтар шаб
мешуд! Эҳ, ин офтоб ҳам хеле суст ҳаракат мекунад!
Торикӣ ҳам фаро расид. Хоҳари хурдӣ ба ҷойи нақлкардаи апааш омада, маъбади кӯҳнаи хурдакакро ҷустуҷӯ кард.
– Ана вай! Ана вай! Ин ҷо! Ҷизо-сама ҳам дар ҳамин ҷо.
Кулоҳи хасин ҳам дар ҷояш бошад?
Вай хам шуда, ба пушти Ҷизо-сама нигоҳ кард. Кулоҳ дар
ҳамон ҷо буд.
– Ҳаст! Дар ҳамин ҷо! Хуб мешуд, ки тезтар онро кӯфта,
«Қу-у-уу!» мегуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё