АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Имшаб ман туро дар пушти худам руст мекунам. Лекин ту бояд бароям як кор кунӣ.
– Чӣ кор бояд кунам?
– Дар пушти ман, дар девор кулоҳи хасин овехта шудааст.
1 Ҳар шаб ҷинҳо сакэ менӯшанд ва рақс мекунанд. Ту чанд бор ба ин кулоҳ зарба зада, мисли хурӯс «Қу-у-у-уууу!» гӯй.
– Хуб, фаҳмидам, – гуфт хоҳари калонӣ ва дар пушти Ҷизо-сама пинҳон шуд.
Нисфи шаб аз ким-куҷо ҷинҳои сурху кабуд пайдо шуданд. Онҳо дар ҳақиқат бадафту шохдор буданд. Ҷинҳо як ғарам тангаҳои тилову нуқраро дар байнашон рехта, онро шумурдан гирифтанд. Баъд сакэ нӯшиданд. То маст шудан нӯшиданд ва ба рақс даромаданд.
– Тақ-туқ, тррам-тарарам, тақ-туқ, тррам-тарарам!
«Акнун вақташ расид», – аз дил гузаронд духтарак ва аз рӯйи фармудаи Ҷизо-сама кулоҳи хасинро тап-тап зада, мисли хурӯс «Қу-у-у-уууу!» гуфт.
Ҷинҳо аз рақс боз монда, ба ташвиш афтоданд.
– Ҳозир рӯз мешавад! Бадбахтӣ! Бадбахтӣ! Хурӯс овоз кард!
– Рӯз мешавад! Бадбахтӣ! Бадбахтӣ!
– Мегурезем! Мегурезем!
Онҳо шаробашонро то охир нӯшида, ба ҳамдигар такя кардаву калобида гурехтанд.
Субҳ ҳам дамид. Хоҳари калонӣ ба Ҷизо-сама миннатдорӣ баён карда, ба хона баргаштанӣ шуд. Лекин Ҷизо-сама ӯро аз роҳаш гардонда, гуфт:
– Эй, гӯш кун! Чизҳои бегонаро дар ин ҷо гузоштан лозим нест. Ин тилову нуқраҳо ҳама аз они ту гаштанд. Ҳамаашро гир!
Хоҳари калонӣ то метавонист кисаҳояшро аз тангаҳои тилою нуқра пур кард ва роҳи хонаро пеш гирифт.
Сакэ – шароб аз спирти биринҷ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё