АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

– Хуб, чилғӯзаҳо ҳам кайҳо пухтагистанд. Рафта мечинем,
– ҷавоб дод хоҳари калонӣ. Онҳо яктогӣ халта гирифта, ба
кӯҳ рафтанд. Дар кӯҳ чилғӯзаҳои пухтаву кафидаи бисёре
ёфта, ба халтаҳояшон андохтанд. Аммо хоҳари хурдӣ халтаи
апаашро сӯрох карда буд. Ҳарчанд ӯ ба халтааш чилғӯза
меандохт, он пур намешуд. Чилғӯзаҳо аз сӯрохи халта мерехтанд. Хоҳари хурдӣ аз қафои апааш рафта, чилғӯзаҳои
рехтаи ӯро гирифта, ба халтаи худаш меандохт.
– Ман кайҳо халтаамро пур кардам, апа. Биё, ба хона равем, – гуфт вай.
Апааш ҷавоб дод:
– Ӯҳ, ту кайҳо халтаатро пур кардӣ? Чӣ хел тез! Халтаи
ман ҳоло ҳам пур нашудааст.
– Набошад, ту чидан гир, ман ба хона меравам, – гуфт
хоҳари хурдӣ ва тозон ба хонаашон рафт.
Хоҳари калонӣ танҳо монд. Вай чилғӯза кофта, хеле дур,
ба кӯҳ рафт ва аз роҳ баромад.
– Оҳ, акнун чӣ кор мекарда бошам?
Вай гирякунон дар кӯҳ саргардон шуд. Шом ҳам даромад.
Ногоҳ духтарак маъбади кӯҳнаи хурдакакеро дид. Дар он ҷо
1
Ҷизо-сама танҳо меистод. Чеҳраи ӯ меҳрубону пурнур буд.
Хоҳари калонӣ ба пеши Ҷизо-сама таъзим кард.
– Ҷизо-сама, Ҷизо-сама, дар кӯҳ торикӣ фаромад. Ман як
духтари бечораам, куҷо рафтанамро намедонам. Ба ман
иҷозат деҳ, ки имшаб дар ҳамин ҷо хоб кунам.
– Ҳм, ҳм! Ҳамин ҷо хоб кун, ман зид нестам. Лекин
вақтҳои охир, дар баробари фарорасии шаб аз куҷое ҷинҳои
сурху кабуд меоянд. Онҳо дар ин ҷо рақсу бозӣ мекунанд.
Ту аз онҳо наметарсӣ? – ҷавоб дод Ҷизо-сама.
– Вой! – дод зад духтарак. – Охир, ман дигар ба куҷо равам!
Вай гиряро сар дод. Дили Ҷизо-сама ба вай сӯхт:
Ҷизо-сама – илоҳаи пуштибони бачаҳо – Хуб, хуб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё