АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

– Ана, ду сабад: вазнин ва сабук. Кадомашеро интихоб кунӣ.
– Вазнинтарашро мегирам!
Кампир сабадро ба китфаш партофта, ба гунҷишк хайр гуфт ва бо роҳи омадааш бозгашт. Сабад вазнин буду кампир пири афсурда. Устухонҳои кампир садо мебароварданд ва қариб буд сутунмуҳрааш шиканад. Ниҳоят капир тоб оварда натавониста, ба замин нишаст.
– Уф!.. Вазнин бошад ҳам зару зевари бисёр дорад! Ана, хушбахтӣ! – ғур-ғур кард кампир. – Ку бинам дар ин ҷо чӣ ҳаст! Якбора дам ҳам мегирам.
Вай ба рӯйи санги канори роҳ нишаста, зуд даҳони сабадро кушод. Аммо ба ҷойи ҷавоҳирот аз даруни сабад ҳар гуна ҷинну аждаҳо баромаданд.
– Ана, ҳамин аст кампири чашмгуруснаи бадкирдор! – дод заданд ҷинҳо ва ба кампир ҳуҷум карданд.
Онҳо кампирро масхара карданд. Ӯ дар ҷояш шах шуда монд.
– Ёрӣ диҳед! Маро наҷот диҳед! – кампир аз тарс фиғон бардошта гурехт.
Фақат қариби субҳ ба зӯру азоб то хонааш рафта расид.
– Ба ту чӣ шуд, кампир? – бо ҳарос пурсид мӯсафед. Кампир тамоми воқеаи рухдодаро аз аввал то охир нақл кард.
Мӯсафед гуфт:
– Ана, дидӣ, ба чӣ гирифтор шудӣ? Дигар бераҳмӣ ва чашмгуруснагӣ накун!
ДУ ХОҲАР
Буданд-набуданд дар як замон дар як макон ду хоҳар бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Хоҳари калонӣ зебо ва хушрафтор, аммо хоҳари хурдӣ бадкору хасис буд.
Боре дар як рӯзи офтобии тирамоҳ хоҳари хурдӣ ба апааш гуфт:
– Апа, биё ба кӯҳ чилғӯзачинӣ равем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё