Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
девҳоро зада сӯрох намуд. Ҳамаи девҳо ба замин афтоданд.
Сарҳои онҳо аз танашон ҷудо шуда буданд.
Хаймар-ӯғул санги қиматбаҳояшро гирифта, ба аспи чипори ситорадор савор шуда ва аспҳои дигарро гирифта, ба тарафи шимол бо изи девҳо равон шуд. Вай қарор дод, ки авули онҳоро кофта ёбад. Вай аз дашти беохири зард гузашта, ба ағбае баромад ва авулро дид. Наздиктар рафт. Дар ҳеҷ ҷо саргин-нишонаи чорво ва худи чорво наменамуд. «Авули аҷоиб» — аз дил гузаронид ӯ. Вай аспҳоро дар поёни теппа ба дарахте баста, ба сӯи юртҳо рафт.
Дар гӯшаи қасри сафеди калонро дид, ки ба печондани гирди он нуҳ асп камӣ мекард. Дар даромадгоҳаш се сутуни оҳанин зада шуда буд. Баъди қаср хаймаи сафеде меистод. Он тарафтар юрти сафед, баъди он юрти хокистарранг меистод.
Юрти панҷум ва шашум сиёҳча, юрти охирин батамом сиёҳ буданд.
«Ба қасри калон меравам» — қарор дод ҷавон. Вале ҳамин вақт аз юрти сиёҳи охирин як духтари кулчарӯи зебое баромада як банд ҳезум гирифта ба юрт баргашт. «Не, беҳтараш, ба пеши ӯ меравам», — аз фикраш гашт Хаймарӯғул. Вай ба юрти сиёҳ равон шуд, аммо аз юрти пеш аз охирин як духтари боз ҳам зеботаре баромад. Вай ҳам ҳезум гирифт. Ҷавон ба тарафи ӯ тоб хӯрд. Вале аз юрти панҷум як духтари аз аввалаҳо ҳам зеботаре барои ҳезум баромад. Аз ҳамаи юртҳо бо навбат духтарони зебо баромадан гирифтанд, ки яке аз дигаре зиёдтар ба Хаймар-ӯғул маъқул мешуд. Дар охир аз хаймаи сафед як духтари мисли моҳ хушрӯе баромад.
Вай таги чойро ба берун партофт. Аз қасри калони сафед, ки дар аввали авул меистод, касе набаромад. Хаймар-ӯғул ба хайма, ба пеши духтари мисли моҳтоб хушрӯй равон шуд.
Духтар дар рӯи қолин нишаста ким-чӣ хел ба таври аҷиб табассум мекард. Ҷавон ботамкин ба ӯ салом дода пурсид:
— Ин авул чарогоҳи кист? Ин хаймаи зебо аз они кист?
— Ин хаймаи Оқ-Қуу, — ҷавоб дод духтар.
— Худи ӯ куҷост? — пурсид ҷавон.
— Барои муқаддас гардондани ҳайкали тиллоиаш рафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё