Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
«Эйт» дар ин тарафи бешазор сайди бисёре зад. Баъд сайдҳоро дар як ҷо ҷамъ карда, ба назди бародаронаш баргашт.
— Бародарон, дар ҷангал як гала ҳайвонҳои кушташуда ёфтам! Биёед, ман ба шумо нишон медиҳам!
Бародарон аз қафои ӯ тохта рафтанд. Вақте ки онҳо галаи ҳайвоноти кушташударо диданд, қоҳ-қоҳ хандиданд.
— Ана гап дар куҷо будааст! — гуфтанд онҳо. — Мо бошем, гумон мекардем, ки ту хеле мергани моҳир ҳастӣ. Акнун маълум шуд, ки ту ба мо аз куҷо гӯшт меовардай!
Ва бародарон, ки шаст рӯз гурусна, навад рӯз нимгурусна буданд, аз ҳад зиёд хӯрок хӯрданд. Рӯзи дигар Хаймар-ӯгул ба он тарафи қаторкӯҳ гузашта гурги хокистаррангтарини рӯбоҳи сурхтарин, самури сиёҳтарин, бабри алобулотаринро зада ба пеши гулхан овард. Бародарон дар назди гулхан нишаста ҳамоно гӯшт мехӯрданд. Онҳо бародари хурдиашонро ҳамроҳи он дарандаҳо дида тарсиданд.
— Ту онҳоро чӣ тавр куштӣ? Охир, онҳо дарандагони хавфноканд?
— Ман онҳоро накаштам, бародарон, ман ҳамин хелашро кушташуда ёфтам, — гуфт Хаймар-ӯгул боифтихор ва ба пӯст кандани дарандагон сар кард.
Ин вақт бародарони калонӣ гуфтанд:
— Пойҳои мо аз пойҳои ӯ бадтар нестанд. Мо ҳам меравем. Чашмони мо аз чашмони ӯ бадтар нестанд. Мо ҳам меёбем!
Рӯзи дигар онҳо ба он тарафи бешазор рафтанд. Банохост бо бабре рӯ ба рӯ омаданд. Онҳо тарсида чунон гурехтанд, ки қариб якдигарро пахш карда буданд. Баъд ба хирс дучор омаданд — боз чунон гурехтанд, ки арақшор шуданд. Ин шикорчиҳои нотавон ҳайвони калон он тараф истад, ҳатто бурундукчаеро1 ҳам зада натавонистанд. Онҳо хеле гурусна ва хашмгин шуда, ба назди гулхан омада диданд, ки бародари хурдиашон гӯшту равған пухта, мунтазири онҳо нишастааст.
— Биёед, бародарон, куҷо будеду чӣ дидед, сайди бисёр...
1 Бурундук — ҷонваре аз гурӯҳи санҷобҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё