Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

тиллоранг, тарафи дигараш сафеди шаффоф буд. Хаймар-ӯгул он сангҷаро гирифта ба оббурда шитофт. Харгӯш ҳоло ҳам дар ҷояш хобида буд. Ҷавон харгӯшро нишон гирифта, сангҷаро ҳаво дод ва худаш аз паси он давид. Дид, ки сангҷа харгӯшро зада кушта, ба замин даромада рафтааст. Хаймар-ӯгул барои ёфтани он сангҷа ба кандани замин сар кард. Рӯзи дароз заминро канд. Бегоҳӣ онро ёфта, дар багалаш пинҳон кард ва харгӯшро бардошта ба истгоҳ баргашт. Бародарони калонӣ дар гирди гулхан гушнаву бадкаҳр менишастанд.

  • Ту худро шикорчӣ меномию вале ҳеҷ чиз наовардӣ-ку! - гуфт яке.

  • Ту худат ҳеҷ чиз наовардӣ-ку! - илова кард дигаре.

  • Аммо ту ҳеҷ вақт ҳеҷ чиз намеорӣ, фақат мехӯрӣ, - гуфт сеюмӣ.

  • Ҷанҷол накунед, бародарон! - гуфт Хаймар-ӯгул, - Ман барои шумо як харгӯш овардам.

Бародарон харгӯшро пухта хӯрданду хоб рафтанд.

Саҳарӣ Хаймар-ӯгул ба шикор рафт. Дар назди ҷангал, дар таги дарахти паҳнбарг оҳубарраеро дида, нишон гирифт ва санги лӯндаашро ба тарафи он ҳаво дод. Санг оҳубарраро зада, дарахтро сӯрох карда, ба замин даромада рафт. Хаймар-ӯгул санги қиматбаҳояшро кофта гирифта, сайдашро сари китф партофта, ба қароргоҳ баргашт. Бародарони калонӣ байни худ устухонпораҳои харгӯши дирӯзаро талош мекарданд.

  • Ҷанҷол накунед, бародарон! - гуфт Хаймар-ӯгул. - Нигоҳ кунед, ман барои шумо оҳубарра овардам!

Пас аз чанд рӯз бародарон аз ӯ пурсиданд:

  • Ту ин қадар сайдро чӣ тавр мезанӣ? Онҳоро кӣ ба ту медиҳад?

  • Онҳоро ба ман ватани саховатманд, замин ва бешаи тиллоии ман - Танди медиҳанд! - Ва ӯ санги лӯндаро дар багалаш дар паҳлуи дилаш гузошта ба он сӯи Арзайти¹ рафт.

Вай бо нидои «Айт!» дар он тарафи беша ва бо нидои

1 Танди, Арзайти - номҳои қаторкӯҳҳо.

пешина
аз 200
навбатӣ