Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Моҳӣҳо зимистонро мегузаронанд. Шояд ҳамон харсанг ангушти Хон-Қулуғ бошад? — ҷавоб доданд онҳо.
Писарак ба резишгоҳи Қара-Қум шино карда рафта дид, ки дар ҳақиқат ангушти паҳлавон дар ҳамон ҷост.
Вай ба ауули Хон-Қулуғ баргашта гуфт:
— Ман ангуштро ёфтам. Вай дар қаъри баҳр, дар резишгоҳи дарёи Қара-Қум аст.
Писараке, ки баҳрро дам мекашид ва писараки паҳлавон ба резишгоҳи Қара-Қум рафтанд. Писараки якум баҳрро дам кашид, писараки дуюм ангуштро ба сари китф бардошта ба ауул овард. Писараке, ки баҳрро дам кашида буд, обро боз ба ҷояш рехт. Ангуштро ба дасти паҳлавон часпонданд. Аммо паҳлавон намеҷунбид ва гап намезад.
Он гоҳ Олдин-Ҳаво тозиёнаи зарринро се бор алвонҷ дода, се бор аз болои ҷасади паҳлавон ҳаллос зад.
— Ӯ аввалин касест, ки ман зиндааш мекунам, — гуфт вай.
— Ман, аз афташ, хеле дар хоб мондаам, — гӯён паҳлавон ба по хест.
Дӯстон некиро ба ёд оварда механдиданду бадиро ёд карда мегиристанд.
— Оё аспи ҷасури ман Хон-Шилгӣ зинда аст? — пурсид паҳлавон. — Ё мурда бошад? Кӣ метавонад ӯро зинда кунад?
Писараке, ки садоро аз масофаи дур шунида метавонист, гӯшашро ба замин монда гуфт:
— Хон-Шилгӣ зинда аст. Вай бо лачоми нуқрагин зинат ёфтааст. Вай ба ин сӯ шитобон меояд.
Дере нагузашта дӯстони Хон-Қулуғ аспашро ба назди худ оварданд.
— Эй дӯст, мо мехоҳем, барои нобуд кардани душмононат, ки онҳо туро ба чоҳ партофта, чорвоятро ронда бурдаанд, ба ту ёрӣ диҳем, — гуфтанд онҳо.
— Не, дӯстон, — ҷавоб дод паҳлавон, — ман мурда будам, шумо маро зинда кардед, ҷон бахшидед, оташи хомӯшшудаи маро боз фурӯзон кардед. Ташаккур! Шумо маънои дӯстии ҳақиқиро медонед. Бо душманон бошад, ман худам ҳисобамро баробар мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё