Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Изи анкабутро дар болои рег меёфт, писараки ҳафтум баҳрро дам мекашид.

Писараки якум гӯшашро ба замин монда гӯш дод.
— Хон-Кулуғ дар ким-куҷои зери замин ҷунбида истодааст, — гуфт ӯ.

Писараки дуюм ҳамаро ба лаби ҷаре овард, ки шаст сарчин чуқур буд. Болои ҷарро кӯҳе пӯшонда буд.
— Дар зери кӯҳ устухонҳои Хон-Кулуғ хобидаанд, — гуфт ӯ.

Он гоҳ кӯҳро аз ҳар тараф канда каманд гузаронданд ва нӯгашро ба шохи барзагови хокистарранг бастнд ва барзагов кӯҳро кашида як сӯ гузошт.

Писараки паҳлавон ба ҷоҳ фаромада, устухонҳои Хон-Кулуғро баровард.

Олдин-Ҳавои нозанин доруҳои сеҳрнокеро, ки паҳлавон барои хоҳараш мебурд, беҳуда пинҳон накарда буд. Акнун ӯ бо ин доруҳо паҳлавонро табобат мекард. Писараке, ки изи анкабутро дар рӯи рег ёфта метавонист, изи паҳлавонро гирифта, ҳафт кӯзаи сиёҳеро, ки Хон-Кулуғ дар наздикии чайлаи сиёҳ гузошта буд, ёфта овард. Олдин-Ҳаво кафки сиёҳро ба бадани паҳлавон молид ва ӯ ба нафасгирӣ сар кард. Вай нафас мегирифт, вале гап намезад. Писараке, ки ҳар гуна овозро аз масофаи хеле дур шунида метавонист, устухонҳои ӯро шумурда дид, ки устухони ангушти ишоратии дасти росташ намерасад. Писараке, ки изи ҳафтсолаи мӯрчаро ва писараке, ки изи моҳиро дар об меёфтанд, ба ҷустуҷӯи ангушти Хон-Кулуғ баромаданд. Пай онҳоро ба баҳри Ором овард. Ҳамоне, ки изи моҳиро меёфт, ба моҳӣ табдил ёфта, аз моҳиҳо ангушти паҳлавонро пурсид, вале ягон моҳӣ чизе намедонист. Писарак зиқ шуд. Ногоҳ дид, ки ду моҳии калони куҳансол шино карда меоянд. Онҳо бо ҳалқашон суруд мехонданд.
— Душманҳо ангушти ишоратии Хон-Кулуғро ба куҷо партофтанд? Эҳтимол, шумо ягон чӣ дида ё шунида бошед? — пурсид писарак.
— Як вақтҳо дар резишгоҳи дарёи Қара-Хум ҳарсанги калони сафеде ба об ғелида фуромад. Ҳоло дар пеши он

пешина
аз 200
навбатӣ