Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
– Бад аст, модарҷон, бад аст. Шарик ҳама чизро ёд гирифта буду вале касал шуда мурд.
Шарик бошад, зинда буд. Вай дар ҳавлии Иван хизмати сагонаи худро ба ҷо меовард.
МУҲОБОТ
Буд-набуд, се бародар буд. Зиндагиашон он қадар ҳам нағз намегузашт. Ҳар сеяшон як кулба доштанд, ки он ҳам нимвайрон буд.
Бародарони калонӣ зираку гапдон буданд, бародари хурдӣ — Иван бошад, гӯлу хаппак.
Онҳо рӯзе барои ҳезум ба ҷангал мераванд. Пас аз хеле табар задан шалпару гурусна мешаванд. Онҳо мехоҳанд, ки шавла пазанд. Ба дег об ва сӯк меандозанд, вале мебинанд, ки оташ нест. Аловгиронакро дар хона фаромӯш карда буданд. Чӣ бояд кард? Бародари калонӣ аз ҳамаашон боақлтар буд, вай ба болои дарахте баромада, ин сӯву он сӯ нигоҳ карда банохост дид, ки дар марҷори на он қадар дур гулхане фурӯзон аст ва дар назди он мӯйсафеде нишастааст.
«Ана аловро аз куҷо бояд гирам!» — фикр кард бародари калонӣ. Вай ба назди гулхан омада ба мӯйсафед гуфт:
— Бобоҷон, оташгиронӣ бидеҳ!
— Аҷаб чолок будай, — ҷавоб дод мӯйсафед, — ту аввал афсона гуфта вақти маро хуш кун, вале бо ман ҳазл накун, набошад калтак мехӯрӣ!
— Чӣ тавр?
— Ҳамин тавр: нагӯ сафсатта чандин — пуштат хӯрад зарби қамчин. Канӣ, афсонаатро сар кун!
Бародари калонӣ як соат фикр мекунад, ду соат пушти сар мехорад ва дар охир мегӯяд:
— Не, бобоҷон, ман аз уҳдааш намебароям.
— Аз уҳдааш набарой, кӣ ба ту оташ медиҳад?
Мӯйсафед қамчинро гирифта, ҷавонро ба замин мехобонад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё