Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ва чунон камчинкорӣ мекунад, ки вай ҳама чизро аз хотир мебарорад. Бародари калонӣ дасти холӣ бармегардад.
Бародари миёна ба ӯ мегӯяд:
— Эҳ лаванд, оташ оварда натавонистӣ! Оташбиёриро, бародар, аз ман ёд гир!
Ва ӯ ба назди мӯйсафед меравад.
— Бобоҷон, камтарак оташ бидеҳ!
— Аввал афсона гуфта вақти маро хуш кун. Бо ман ҳазл накун, набушад калтак мехӯрӣ!
Бародари мобайнӣ ду соат фикр мекунад, се соат пушти сар мехорад ва дар охир мегӯяд:
— Не, бобоҷон, ман аз уҳдааш намебароям!
— Аз уҳдааш, ки набароӣ, кӣ ба ту оташ медиҳад?
Мӯйсафед бародари мобайниро ҳам камчинкорӣ мекунад. Бародари миёна ҳам дасти холӣ бармегардад.
Инак, бародари хурдӣ – Иван ба назди мӯйсафед меравад.
— Бобоҷон, каме оташ бидеҳ!
— Аввал афсона бигӯӣ!
— Ман-ку афсона мегӯям, лекин ту бовар намекунӣ, мегӯӣ, ки ин хел шуданаш мумкин нест.
— Не, не бовар мекунам, нақл кун!
— Ин хел бошад, як шарт дорам: суханамро намебурӣ. Ҳамин ки гуфтӣ: «Ин хел нашудааст!» – ман туро бо ҳамин камчине, ки бародарони маро меҳмон кардӣ, сабак медиҳам.
— Ман розӣ, сар кун!
— Гӯш кун, бобо. Ман ҷавони чаккону кордон будам. Рӯзе ба ҷангал рафтам. Дарахте дидам, сӯрох, дар сӯрохӣ - лона, дар лона - бедонабирён. Дастамро ба сӯрохӣ дароварданӣ шудам, надаромад, поямро дароварданӣ шудам, боз нашуд. Баъд ҷобукона хез зада, ба сӯрохӣ даромадам. Дар он ҷо бедонабирён кӯҳ барин тарам будааст. Каси дигар мешуд, мегуфт, ки кам аст, вале ман то сер шуданам хӯрдам. Баъд хостам аз он ҷо бароям, вале ҳеҷ нашуд! Ман хеле ғафс шуда будам, вале сӯрохӣ бошад, майда буд. Ман ки одами кордон ҳастам, рафта зуд аз хона табар овардам ва он сӯрохиро васеътар карда аз он ҷо баромадам. Гапам рост, бобо?

пешина
аз 200
навбатӣ