Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Бале, нури чашмам!
— Баъд ман табарчаамро ба камарбандам халонда ба аспи қашқа савор шуда, барои ҳезум ба ҷангал рафтам. Асп тапар-тапар медавиду табарча дар пуштам тақар-тақар мекард. Ҳамин тавр ними аспро бурида партофтааст. Ман ба қафоям нигоҳ карда бинам, ки ними асп нест, бо ду пои ақиб ба ким-куҷо рафтааст. Ман ба ҷустуҷӯ даромадам. Ногоҳ дидам, ки сағрии аспи ман дар маргзоре сайр карда гаштааст. Ман вайро дошта бо пӯстлох ба сару танаш дӯхтам. Асп аз пештарааш ҳам ҷусту чолоктар шуд. Ман ҳезум шикаста ба ароба бор кардам ва чунон «чу» гуфтам, ки! Асп якбора ҷаҳида ба лой ғӯтида рафт. Ман бобоямро ба ёрӣ чег задам. Бобоям каси зираку кордон буд. Мо аз думи асп дошта сахт кашидем. Дукаса чунон зӯр задем, ки пӯсти аспро аз танаш кашида баровардем. Чӣ бояд кард? Хеле ғамгин ба хона баргаштем. Омада дидам, ки асп дар назди дарвоза истодааст, худаш омадааст. Ман хурсанд шудам, ки ҳам асп дар хонаву ҳам як пӯст фоида. Гапам рост, бобо?
— Ҳамааш рост, нури чашмам.
— Ман ба асп савор шуда, ба ҷангал рафтам. Дарахти булутеро дидам, ки нӯғаш ба осмон мерасид. Гуфтам, биё як бинам, дар осмон чӣ бошад? Баромада дидам, ки дар он ҷо чорво тамоман арзон, вале магасу хомӯшак хеле қимат. Ана, гуфтам, корам омад кард. Ба замин фаромада як халта магасу хомӯшак доштам ва боз ба он ҷо баромадам. Баъд ба савдогарӣ сар кардам: магасеро бо магасак дода, ба ивазаш гову гӯсола мегирифтаму хомӯшакеро дода барзагов. Он қадар чорво ҷамъ кардам, ки ҳисоб надошт.
Попи деҳаи мо чашмтанги хасисе буд. Вай он дарахти булутеро, ки ман бо он ба осмон баромада будам, бурида ба ҳавлиаш бурдааст. Ман бошам, чорвоямро пешандоз карда, ба замин баргаштанӣ шудам, вале дарахти булут дар ҷояш набуд. Чӣ тавр аз осмон фуромадан даркор? Ман ки одами зирак будам, тамоми чорвоямро куштам, чунки акнун онҳо ба ҳеҷ чиз кор намеомаданд. Аз пӯсти онҳо ресмон тофтам, як ресмони дароз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё