Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Шарики азизи мо дар он ҷо чӣ тавр аст?
— Қабул карданд. Саги бофаҳм аст. Нағз мехонад.
Аз байни як моҳ гузашт. Рӯзе Иван гуфт:
— Сагро хабар гирифтан даркор. Хӯрокворӣ ва пул бурдан лозим.

Поп ва занаш боз барои сафар ҳама чизро муҳайё карданд. Ва Иван боз ба хонаи худаш рафт.
Вақте ки баргашт, поп аз ӯ пурсид:
— Иван, хайр, чӣ гапу чӣ хабар?
— Медонед-чӣ, падарҷон, Шарик аллакай одам барин гап мезанад.
— Наход, одам барин? Оҳ, азизаки ман! — гуфт зани поп. — Ҳозир ба шаҳр рафта, худам ӯро хабар мегирам ва бо вай гуфтугӯ мекунам.
— Мумкин нест, — гуфт Иван. — Муаллим иҷозат намедиҳад. Гуфт, ки сагҳо ҳамин, ки соҳибонашонро диданд, зиқ шуда ба нолиш медароянд, дарсҳоро ёд намегиранд.

Аз байни чанд вақт гузашт. Иван бошад ҳар моҳ барои Шарик хӯрокворӣ ва барои муаллим пул мебурд.
Аз байни як сол гузашт. Иван ин дафъа аз сафар баргашта гуфт:
— Эй падари бузургвор, мо сагро савод омӯзонда ба сари худамон бало овардем. Ҳатто аз такрор кардани гапҳои ӯ метарсам!
— Хайр, вай чӣ гуфт?
«Бигӯ, Иван, — пурсид ӯ, — падари мо ҳоло ҳам ғаллаи дуздӣ мегирад?»

— Чиҳо мегӯйӣ, чиҳо! — даст афшонда гуфт поп. — Охир, барои ин гапҳо маро зиндон мекунанд. Эҳ, саги малъун! Акнун чӣ кор кунем? Иван, ана ин пулро гиру он саги лаънатиро ба ҷангал бурда куш ва ба замин гӯр кун! Танҳо дар ин бора ба занам чизе нагӯй!
Иван пулро гирифта рафт. Вақте ки баргашт, зани поп аз вай пурсид:
— Аҳволи Шарики ман дар он ҷо чӣ тавр аст?

пешина
аз 200
навбатӣ