Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Ин аспҳоро аз куҷо ёфтӣ? Ин хукро чӣ? - пурсид модараш.
    Иван дар ҷавоб гуфт:
  • Дар дунё одамони аз шумо аблаҳтар ҳам будаанд. Ба ман на танҳо аспу ароба, хуку хукбача, балки бар замми инҳо пӯстин ва сад сӯм пул ҳам доданд!

САГИ ДОНО

Буд-набуд попе буд. Вай аз як қишлоқи дурдаст Иван ном хизматгор ва Шарик ном саге дошт. Поп сагчаашро бисёр дӯст медошт. Ӯ ба саг бисёр хӯрок дода, онро нағз нигоҳубин мекард. Иван рӯзи дароз кор кунад ҳам, попи хасис ба ӯ хӯроки дуруст намедод. Иван қарор дод, ки адаби попро диҳад. Рӯзе вай ба поп гуфт:

  • Эҳ, падарҷон. Шарики шумо бисёр саги доност! Вайро агар боз дар мактаб хононед, донотарин саги дунё ва ҳатто баробари одам шуданаш мумкин.
  • Наход, Иван! Дар кадом мактаб ба сагон дарс медода бошанд?
  • Дар шаҳр як мактаби махсусе ҳаст, ки дар он ҷо ба сагҳо савод меомӯзонанд!..
  • Канӣ, Иван, ба шаҳр рав! - ба шавқ омада гуфт поп, - ҳамаашро дониста биё!
    Иван қӯлворашро гирифта ба деҳаи худ, ба пеши занаш рафт. Вай дар бораи поп ва саги ӯ ба занаш нақл карда, баъди се рӯз ба хонаи поп баргашта ба ӯ гуфт:
  • Ҳамаашро донистам, падарҷон, ба мактаб сагҳои доноро қабул мекунанд. Нағз таълим медиҳанд ва музди таълим қимат не. Вале ҳар кас худаш ба сагаш хӯрок медиҳад.
    Поп ва занаш қӯлвори Иванро ба сафар тайёр карда, ба ӯ пул ҳам доданд. Иван Шарикро гирифта бурд. Вай сагро ба хонааш оварда пул ва хӯроквориро ба занаш дода фармуд, ки ба саг нигоҳубин кунад. Худаш ба назди поп баргашт. Поп ва занаш зуд аз Иван пурсуҷӯ карданд:
пешина
аз 200
навбатӣ