Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Садои суми асп ба гӯшаш расид. Иван ба замин нишасту кулоҳашро ба болои хорпушт гузошт. Хӯҷаин ҳам аспсавор расида омад.
— Ҳой мардак, аробае, ки дар болояш хук бошад, надидӣ?
— Дидам, хӯҷаин, дидам.
— Ман ба он ароба расида гирифтанӣ.
— Дар ҷангал роҳ бисёр, хӯҷаин. Роҳро гум мекунед.
— Ин тавр бошад, ту онро таъқиб кун, ман ба ту як сӯм медиҳам.
— Э-э, хӯҷаин, як сӯм чӣ даркор! Ман дар зери кулоҳам укоби он тарафи баҳрҳоро нигоҳ медорам, агар парида равад, хӯҷаинам ба пӯстам коҳ ҷой мекунад!
— Ба аспи ман савор шуда аробаро таъқиб кун! Ман ба укоб нигоҳ карда меистам!
— Агар сар диҳед-чӣ, хӯҷаин? Охир, ин укобро аз кишварҳои дур овардаанд, нархаш сад сӯм.
— Натарс, сар диҳам, сад сӯм медиҳам.
— Ҳозир «медиҳам» мегӯед, лекин гашта омада Шуморо наёбам-чӣ?
Хӯҷаин ҳамёнашро бароварда сад сӯм ҳисоб карда гуфт:
— Бигир, агар эҳтиёт карда натавонам, ин пул аз они ту. Акнун ба аспи ман савор шаву ба шахси хук бор карда расида, ӯро аз роҳаш гардон. Агар ӯро гардонда биёрӣ, даҳ сӯм медиҳам.
Иван ба асп савор шуда, онро пеш ронд. Баъд ба ҷангал тоб хӯрда, аспи хӯҷаинро ба ароба баста ба хонааш равон шуд. Хӯҷаин хеле вақт мунтазир шуда, фаҳмид, ки он мард дигар барнамегардад. «Хайр, майлаш, — аз фикр гузаронид ӯ, — лоақал мурғи қиматбаҳо азони ман мешавад. Фақат парида наравад, шудааст, эҳтиёт кардан лозим. Вай кулоҳро бардошта, якбора ба хорпушт чангол зад! Акнун хӯҷаин пай бурд, ки ин мард худи ҳамон шахси хукҳоро ба меҳмонӣ таклифкарда будааст.
Иван бошад, бо аробаи сеаспа ба хона расид. Дар болои ароба хук бо хукчаҳояш хоб буданд. Дар тани хук бошад, пӯстини қиматбаҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё