Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Худаш бошад аз дил гузаронид: «Аблахро бинанд! Хукро ба ид мебарад! Боз бо хукбачаҳояш! Мон барад, хандасори мардум шавад!»
Иван бори дигар ба хук таъзим карда ба хонум чашм духта истод.
— Чӣ вақтро кашол медиҳӣ, мардак? — дод зад хонум.
— Хук пиёда рафтан намехоҳад. Мегӯяд, ки хукчаҳояш монда мешаванд.
— Ин тавр бошад, ароба медиҳам. Ҳой, аробакаш! — фарёд кард хонум. — Аспҳоро ба ароба банд!
Аспҳоро ба ароба мебанданд. Хук ва хукчаҳоро ба он мешинонанд ва Иван ба роҳ медарояд.
— Эй мардак, сабр кун, — чеғ зад хонум. — Бигузор, хуки ман дар иди шумо аз ҳама зеботар бошад. Мана ин пӯстин ба ӯ! — Вай пӯстини қиматбаҳои худро ба болои хук пӯшонид ва Иван аробаро ҳай карда рафт.
Бо зудӣ хӯҷаин аз шикор баргашт. Ӯ аз сабаби барор нагирифтани шикораш зик ва қаҳролуд буд. Занаш бошад, ба ӯ гуфт:
— Ҳозир ман туро механданам, азизам! Навакак ба ин ҷо як деҳқони бефаҳм омада, хуки моро бо хукчаҳояш ба ид таклиф карда бурд. Мегӯяд, ки «хуки алои шумо хоҳари зани ман аст».
— Ва ту хукро додӣ, ки барад?
— Додам, додам, ҷони ширин, пӯстинамро ба хук пӯшондам, ароба ва як ҷуфт аспро ҳам додам!..
Хӯҷаин бо қаҳр дод зад:
— Вай мардак бефаҳм не, балки ту занаки аҳмақ! Ин ҷои ханда нест, вайро таъқиб кардан даркор! Лоақал фаҳмидӣ, ки он мардак аз куҷост?
— Не, нафаҳмидам!
— Ана дидӣ, ту ҳеҷ чизро намедонӣ! Ҳой, аспамро зин занед!
Хӯҷаин аз ақиби Иван асп мемонад. Иван бошад медонист, ки ӯро таъқиб хоҳанд кард. Бинобар он чапгалат дода, ба ҷангал даромаду аробаро дар ҷои сердарахте пинҳон кард. Баъд хорпуштеро дошта ба роҳ баромад. Дере нагузашта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё