Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Ҳеҷ воқеа рӯй надодааст, мӯйсафед, — ҷавоб дод кампир, — вале рӯй доданаш мумкин! Охир, мо духтарамонро ба шавҳар медиҳем, ӯ писар таваллуд мекунад. Писарак ба лаби дарё ба сайру гашт омада, ба об меафтад. Иванҷони азизи мо ғарқ мешавад! Э, вой-е-е!

— Бало зад! — тарсида гуфт пирамард ва ҳамроҳи зану духтараш ба гиря даромад. Ҳамин тавр, ҳар се бо як овоз гиря мекарданд.

Писарашон аз киштзор баргашта, дар хона касеро наёфт. Хоҳар, падару модари пир — ҳар се дар лаби дарё нишаста, гиря мекарданд. Вай ба назди онҳо давида омада пурсид:
— Чӣ ҳодиса рӯй дод? Барои чӣ мегиред?

Модараш сабаби гиряашонро гуфт.

— Ана аблаҳиву мана аблаҳӣ! Барои наберае гиря мекунед, ки ҳанӯз ба дунё наомадааст. Охир, ҳанӯз духтаратонро ба шавҳар надодаед-ку! Чӣ тавр ҳамроҳи шумо зиндагӣ кунам? Меравам, дунёгардӣ карда, одами аз шумо аблаҳтарро ҷустуҷӯ мекунам. Ин хел одамро то наёбам, ба хона бар намегардам.

Писари деҳқон — Иван ба сафар баромад. Ӯ бисёр роҳ гашта ба як деҳаи калон расид. Дар он деҳа хонаи боҳашамати ашрофзодаеро дид. Хонуме дар остона нишаста хуку хукбачаҳоро хӯрок медод. Иван кулоҳашро аз сар гирифта сарашро то замин ҳам карда, ба хукҳо таъзим намуд. «Мардаки аҷибе будааст, — аз дил гузаронид хонум. — Ба ман эътибор надода, ба хукҳо таъзим мекунад!» Баъд ӯро фарёд намуд:

— Ҳой, мардак! Ту чаро ба хук таъзим мекунӣ? Ё ту бо вай шинос ҳастӣ?

— Биби-хонум, — мегӯяд Иван, — хуки алои шумо хоҳари зани ман аст. Ман ӯро ба меҳмонӣ таклиф кардагӣ омадам. Дар деҳаи мо иди калон аст. Хуки шумо хукбачаи бисёр зоидааст, иҷозат диҳед, ки ӯ бо бачаҳояш дар хонаи мо меҳмон шавад. Занам бисёр хурсанд мешавад.

Хонум гуфт:
— Марҳамат, марҳамат, мардак, ӯро ба ид бар, хукбачаҳоро ҳам!

пешина
аз 200
навбатӣ