Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

АФСОНАҲОИ РУСӢ

ИВАН-ДЕҲҚОНЗОДА
ЧӢ ТАВР АШРОФЗОДА
ВА ЗАНИ ӮРО ФИРЕБ ДОД

Дар як деҳа пирамарде бо кампири худ зиндагӣ мекард. Онҳо як писар ва як духтар доштанд. Рӯзе духтарашон барои либосчайконӣ ба лаби дарё рафт. Либосҳояшро обгардон карда, бо овози баланд ба гиря даромад. Модараш овози ӯро шунида тозон ба лаби дарё омад ва пурсид:
– Ба ту чӣ шуд, духтаракам? Барои чӣ гиря мекунӣ?
Духтар дар ҷавоб гуфт:
– Модарҷон, чӣ тавр гиря накунам? Охир, шумо маро ба наздикӣ ба шавҳар медиҳед, ман Иванҷон ном писараке таваллуд мекунам. Иванҷон ба лаби дарё ба сайру гашт омада, нохост ба дарё меафтад! Иванҷони азизам ғарк мешавад!
Аз ин суханҳо модар низ ба гиря даромада, овозашро баландтар сар дод. Модару духтар – ҳар ду нишаста бо овози баланд гиря мекунанд. Пирамард инро шунида давида омад ва аз зану духтараш пурсид:
– Чӣ воқеа рӯй дод? Чаро гиря мекунед?

пешина
аз 200
навбатӣ