Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
пурзӯрро мағлуб карда, гоҳо худашон шоҳ ва хон мешаванд; халқ орзую умеди худро дар бораи ҳақиқат ба ҳамин восита баён кардааст.
Афсонаҳо мардонагӣ, шуҷоат, устуворӣ, ҷасорат, дӯстию рафоқат, кӯшиши ба халқ хизмат намуданро тавсиф карда, хасисӣ, танбалӣ, пурхӯрӣ, манманиро масхара ва фиребгарӣ, тарсончакӣ, хоиниро маҳкум менамоянд.
Дар баъзе афсонаҳо тасаввуроти қадимаи халқҳо, ки барои фаҳмидани муҳит ва сарфаҳм рафтани сирру асрори олам кӯшиш кардаанд, нигоҳ дошта шудааст. Масалан, афсонаи кети дар бораи вохӯрӣ бо аҷини ҷангалӣ аз ҳамин қабил аст.
Дар байни афсонаҳое, ки ба ҳайвонот бахшида шудаанд, афсонаҳое ҳастанд, ки пайдоиши ин ё он хусусиятҳои шаклии ҳайвонотро мефаҳмонанд. («Чаро нӯги думи қокум сиёҳ аст», «Кукӯ ва зоғҳо»).
Дар ин китоб мо афсонаҳои на он қадар маълум ва хоси баъзе халқҳои хурди мамлакатамон ва ғайр аз ин, албатта, афсонаҳои русиро ҳам, ки бе онҳо чунин маҷмӯаро тасаввур кардан мумкин нест, ҷамъ овардаем. Аз фолклори хеле бойи рус, асосан, афсонаҳои ҳаҷвӣ интихоб карда шудаанд, ки дар байни онҳо дар бораи маросими дафни саг низ афсонаи на чандон машҳуре ҳаст.
Дар ин китоб афсонаҳои чордаҳ халқи мамлакатамон гирд оварда шудаанд.
Дар охири китоб дар бораи маҳалли сукунат ва машғулияти ҳар як халқ маълумоти мухтасари этнографӣ дарҷ ёфтааст. Агар хонанда дар афсонаҳои ҳар як халқ дунёи нав, тарзи ҳаёти нав ва дар баъзе аз онҳо забони шоиронаи наверо пайдо кунад, айни муддао мебуд.
Марк Ватагин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё