Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона

САРСУХАН

Хонандаи азиз, агар пурсанд, ки: «Кетҳо кистанд? Нганасанҳо, улчиҳо, орочҳо киҳоянд?» — мумкин, ту ҷавоб диҳӣ: «Эҳтимол, инҳо номҳои халқҳо бошанд». Ба гумон, ки дар бораи онҳо бештар аз ин чизе гуфта тавонӣ.

Мо дар бораи халқҳои хурд маълумоти кам дорем. Баъзе аз онҳо анъанаҳои қадимаи маданӣ, адабиёти нағз инкишофёфта доштанд, дигарҳошон ҳатто алифбо ҳам надоштанд. Аммо ҳамаашон дорои фолклор — эҷодиёти даҳонӣ буданд. Ҳамаи халқҳо афсона доштанд.

Дар бораи ин ё он халқ аз афсонаҳояш бисёр чизҳоро донистан мумкин аст. Дар афсонаҳо рӯҳи халқ, маишат, тарзи зиндагӣ ва характери миллӣ акс ёфтааст. Сужа метавонад соф фантастикӣ бошад, аммо лаҳзаҳои қисса ҳамеша воқеӣ ва дақиқанд. Таърихчиён аз рӯи маводи фолклорӣ, афсонаву эпосҳо, лавҳаҳои ҳаёти замони гузаштаи дурро барқарор менамоянд.

Қисми зиёди сужаи афсонаҳо интернатсионалӣ аст: масалан, дар бораи Нимнаҳӯдак ва Тоқисурхак халқҳои гуногуни дунё афсона мегӯянд. Аммо муҷассамшавии он афсонаҳо ҳамеша миллист: табиат, ашёи маишат, характерҳо ҳамеша ба он сарзамине мувофиқат мекунанд, ки афсона аз мардуми он ҷост. Ду афсонаи ин маҷмӯа — афсонаи калмикии «Хони бузург ва дӯстони азизи вай» ва афсонаи орочии «Нозанин»-ро муқоиса мекунем. Онҳо ба ҳамдигар монанд нестанд. Аммо сужаи ягона доранд.

Бигирем афсонаи русии «Муҳобот»-ро. Дар он моҷарою саргузаштҳое бофта бароварда шудаанд, ки ба ақл тамоман рост намеояд. Аммо асоси афсонаро тарзи ҳаёти русӣ ташкил додааст. Дар он саргузаштҳои аҷоибу ғароиби аспу гург ва мурғобиву гов тасвир шудаанд. Дар ин ҷо, масалан, на паланг ҳасту на тюлен. Паланг персонажи дӯстдоштаи афсонаҳои дунганист. Тюлен дар афсонаҳои чукчиҳо ва эскимосҳо иштирок дорад.

Аммо равшан аст, ки моҳияти афсонаҳо на фақат дар фаҳмо будани онҳост. Муҳиммаш он аст, ки афсонаҳои ҳамаи халқҳо некӯкориро меомӯзанд, ҳусни таваҷҷуҳи халқ ҳамеша ба тарафи персонажи оҷизу бечора аст. Ин персонажҳо одатан бародари хурдӣ, духтари ӯгай, ятими камбағал буданд. Онҳо душмании

аз 200
навбатӣ