Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

АФСОНАҲОИ ТУВАГӢ

ПАХЛАВОН ҚУЛУҒ

Дар қадимтарин замонҳо, дар давраҳое, ки думи шутур ба замин мерасиду шоҳи нахчир ба осмон дакка мехӯрд, дар рӯи замин як паҳлавони накӯҳислат зиндагӣ мекард. Ӯро Хон-Қулуғ меномиданд, ки маънояш Паҳлавони Сурх аст. Вай се аспи бақувват дошт, ки номи яке аз онҳо Хон-Шилгин бодпо буда ранги сурхи зардҷатоб дошт. Паҳлавон як уқобы хокистарранги оҳанинчангол дошт, ки авули ӯро аз ин тараф посбонӣ мекард ва як шоҳини чобуки хокистарранг ҳам дошт, ки авулашро аз он тараф нигоҳбонӣ мекард. Паҳлавон ҳафт моҳ дар қаторкӯҳи ҳафтқулладор ва шаш моҳ дар қаторкӯҳи шашқулладор шикор мекард.

Ва як зани меҳрубон дошт, ки номаш Сай-Қуу буд ва як хоҳари азиз ҳам дошт, ки ӯро Олдин-Оюу меномиданд. Як рӯз Хон-Қулуғ ба қаторкӯҳи шашқулладор рафта, ҳайвонҳои ваҳшии бисёреро сайд кард. Баъд, хеле монда шуда ба хона баргашт ва ба муддати як моҳ — сӣ шабу сӣ рӯз хоб рафт.

Аммо чанд гоҳ хобида буд, ки ӯро фарёди баланде аз хоб бедор кард.

— Акаи меҳрубон, зудтар хез! Дар назди изи пои аспат Хон-Шилгӣ изҳои калоне пайдо шудаанд! Ин изҳои пои аспи кадом паҳлавонанд! — дод гуфт хоҳараш Олдин-Оюу.

— Аз изи пояш маълум, ки он асп аз Хон-Шилгии ту калонтар аст.

пешина
аз 200
навбатӣ