Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Вай аз болои девор ҷаҳида гузашту ғайб зад.

Пас аз се рӯз бабри сафед дар сурати гадои пире ба назди Суйсин омад. Ӯ се қурбоққаи тиллоӣ — се тиллопораи вазнину калон оварда гуфт:

— Шавҳарат амр кард, ки ин тиллопораҳоро ба ту расонам, то ки ту бачаҳоятро калон кунӣ. Осуда зиндагӣ кардан гир, ҳеҷ кас ба ту даст намерасонад, охир ту зани бабри сафед — зани шоҳи дарандаҳо ҳастӣ.

Баъд аз ин бабр дигар ҳеҷ вақт ба хонааш барнагашт.

Суйсин танҳо бачаҳояшро тарбия кард. Вай хеле давлатманд буд, бинобар ин бачаҳояро муаллимони беҳтарин дарс медоданд. Вақте ки бачаҳо калон шуданд, Суйсин ба онҳо кӣ будани падарашонро нақл кард.

Бачаҳо ба падарашон ҳайкал гузоштанд: дар болои пояи баланд ҳайкали бабре аз мармари сафед меистод.

ТУВЗӢ ВА ЛАНГУАЗӢ

Як вақтҳо дар як деҳа Лан ном помешики хасисе зиндагӣ мекард. Вай хеле давлатманд, вале хеле беақл буд. Мардум ӯро Лангуазӣ меномиданд, ки маънояш Лани аблаҳ аст.

Дар деҳаи ҳамсоя камбагале зиндагӣ мекард, ки Тувзӣ ном дошт. Сари ӯ кал буд. Аз ин сабаб ӯро Тувзӣ, яъне кал меномиданд. Бесабаб нест, ки дар халқ мегӯянд: «Одатан аз даҳ кал нуҳтааш айёр ва яктааш маккор аст». Рӯзе Тувзӣ мехост, ки бойи хасисро нағзакак танбеҳ диҳад. Вай медонист, ки бой чизҳои ғайриоддӣ ва камёбро дӯст медорад. «Ман ба ӯ ҳамин хел чизҳои аҷоибу ғаройиб нишон диҳам, ки дар хоби шабаш ҳам надида бошад!» — аз дил гузаронд Тувзӣ.

Вай ба назди помешик Лан омада гуфт:

1 Помешик — бойи заминдор.

пешина
аз 200
навбатӣ