Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Партофт ва ба сурати одам даромад. Хулан пӯстро ғундошта, ба таркиши девор пинҳон кард.

Суйсин зуд ба хона баргашта худашро ба хоб андохт. Шавҳараш даромада аз ӯ пурсид, ки хӯрок мехоҳад ё не.

  • Не, хӯрок намехоҳам, - ҷавоб дод Хулан ва дароз кашид.

Беҳтараш, дандонҳои маро бикоб, гӯштпораҳо дармондаанд.

Акнун Суйсин ҳайрон нашуд, ки чаро байни дандонҳои ӯ гӯштпораҳои хом дармондаанд.

Вақте ки Хуланро хоб бурд, вай ба боғ рафта, аз таркиши девор пӯсти бабрро гирифта, ба даруни чоҳи куҳна ва беоби гӯшаи боғ партофт. Шаби дигар шавҳараш ба ҳеҷ ҷо нарафт. Шабҳо дар хона мемонд. Пӯсти бабр бошад, дар чоҳ пӯсида вайрон мешуд. Хулан бемор шуд. Рӯз то рӯз аҳволаш бад ва рангаш зард мешуд. Гӯё ки аз ин беморӣ роҳи халосӣ набуд. Вақте ки аҳволаш бисёр вазнин шуд, ӯ гуфт:

  • Суйсин, пӯсти маро деҳ! Онро ғайр аз ту ҳеҷ кас нагирифтааст. Ё пӯстро медиҳӣ, ё ман мемирам!

  • Ман ҳеҷ чизро намедонам, - ҷавоб дод Суйсин. - Чӣ хел пӯст?

  • Ман даҳ ҳазор сол заҳмат кашида, пӯстро аз тан партофтан ва ба сурати одам даромаданро ёд гирифтам, - гуфт Хулан. - Наход ки акнун бояд бимирам?

  • Ман пӯстро ба ту додан намехоҳам, намехоҳам, ки боз ба бабр табдил ёбӣ, - гуфт Суйсин.

  • Ман дигар бабр намешавам, одам мондан мегирам, аммо бигӯ пӯст дар куҷост, ман бе вай ҳалок мешавам! - зорӣ кард Хулан.

  • Пӯсти ту дар даруни чоҳи кунҷи боғ аст, - ҷавоб дод Суйсин.

Хулан ба боғ давида рафту пӯстро гирифт. Ӯ пӯстро се бор афшонд ва пӯст чун намуди аввалааш нав ва сафед гардид. Баъд онро пӯшида ба замин ғел зад ва ба як бабри сафед табдил ёфт. Пас бабр ғуррида гуфт:

  • Агар писарҷаву духтарча, бачаҳоямон намешуданд, ман туро пора-пора мекардам. Акнун, алвидоъ!
пешина
аз 200
навбатӣ