Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Ҷаноби муҳтарам Лан, ман дар хона ҳамин хел чизҳои аҷоибу ғаройб дорам, ки шумо дар бораи онҳо ягон бор нашунидед ва намешунавед ҳам.

– Чӣ дорӣ? Чӣ? – бо марок пурсид Лан.

– Ба хонаи ман меҳмон шавед, мебинед.

Лангуазӣ то пагоҳ тоқат карда натавониста гуфт:

– Ман ҳозир ба хонаи ту меравам.

Тувзӣ ба хонааш пештар рафта барои қабул кардани меҳмони олиқадр тайёрӣ дид. Вай дегеро дар оташ тафсонид. Баъд оташро кушта дегро дар байни хона гузошт. Ҳамин вақт бой ҳам расида омад. Тувзӣ ӯро аз боло шинонда занашро чег зада гуфт:

– Ҳой занак, дар деги сеҳрнокамон як чой дам кун! Вақти ману меҳмон танг аст!

Зани Тувзӣ ба дег каме чойхушк партофта об рехт. Об ҳамон дам ба ҷӯш омад. Чой тайёр шуд.

Чашмони Лангуазӣ аз косахонаашон баромаданд. «Ана дегу мана дег! – фикр кард ӯ. Коре карда ин деги сеҳнокро мехарам! Ин чиз айни муддао аст. Тувзӣ ба ивази дегаш чанд пуле хоҳад, бегуфтугӯ медиҳам!»

– Тувзии азиз, деги ту ба ман бисёр маъқул шуд. Хоҳиш мекунам онро ба ман фурӯш! – илтимос кард бой.

– Чиҳо гуфта истодаед, ҷаноби муҳтарам Лан, ин дег ба худам даркор. Ман ба он чунон одат кардаам, ки...

– Не, не Тувзии азиз, бе деги сеҳнок ҳам рӯзи ту мегузарад. Ман онро мехарам! Нархашро чанд мегӯй? Чанд?

– О-о, ин дег хеле қимат меистад, – гуфт Тувзӣ. – Нархаш бисту панҷ юанбо1.

Бой каму зиёд нагуфта, зуд пулро шумурда дод ва дегро гирифта ба хонааш шитобид.

Вай дар хона ба занаш гуфт:

– Бин, чӣ чизи аҷоиберо харида овардам. Ин дег худаш мепазад. Ба таги он алав кардан лозим нест. Ҳамин ки ба дарунаш об рехтӣ, даррав меҷӯшад.

1 Юанбо – воҳиди калони пули нуқрагин.

пешина
аз 200
навбатӣ