Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Салом, хонумҳои иззатманд, ба назди ман бо чӣ кор омадед? — пурсид бахшӣ.

— Мо омадем, ки аҳволи худамонро ба ту бигӯем, — ҷавоб доданд хонумҳо. — Пештар хон ягонтои моро аз ҳама зеботар ва ягонтои моро бадном намегуфт. Ҳамаамонро як хел дӯст медошт. Аммо ҳамин ки хонуми ҷавон омад, ба мо ҳатто нигоҳ ҳам намекардагӣ шуд. Маслиҳат диҳед, эй бахшии доно, бо кадом роҳ мо ӯро нест кунем?

— Ин чӣ гап? Ин чӣ гап, хонумҳои азиз? — оташин шуда гуфт бахшӣ. — Ман рӯҳонизодаам, магар барои куштани одам маслиҳат дода метавонам? Гуноҳи азим мешавад. Не, не, ман ба шумо маслиҳат намедиҳам!

— Маълум мешавад, ки шумо аз рехтани хуни касе метарсед? Лекин агар шумо ба мо ёрӣ надиҳед, мо ҳозир дар пеши чашматон худамонро мекушем! Кадомаш ба шумо маъқул бошад, интихоб кунед!

— Ба ман раҳм кунед, хонумҳо, ҷонамро дар азоб нагузоред, — зорӣ мекард бахшӣ. — Хайр, майлаш, гӯш кунед. Аз уҳдаи ин кор баромадан он қадар ҳам осон нест. Роҳиби мӯйсафед ба вай тасбеҳи муқаддасе додааст. То вақте ки тасбеҳро аз гарданаш нагиред на шамшеру на заҳр, на тиру на ҳеҷ чизи дигар ба вай таъсир мекунад. Як илоҷ ҳаст: дили Шонҳори ҳофизро ба даст овардан даркор.

— Ҳамааш фаҳмо, бахшии азиз! Акнун мо чӣ кор карданамонро медонем.

Бевақтии шаб Шонҳор аз қаср ба хонааш бармегашт. Дар сари роҳ занҳои хон ба вай мунтазир буданд.

— Салом ба дӯстамон Шонҳор, — гуфтанд онҳо. — Агар хоҳӣ, ки соҳиби тиллои бисёр шавӣ, гапи моро гӯш кун. Ту дар гардани хонуми ҷавон тасбеҳро дидаӣ?

— Дидаам.

— Ана ҳамон тасбеҳ ба мо даркор. Агар онро гирифта тавонӣ, чӣ қадаре ки бардошта тавонӣ, ҳамон қадар тилло гирифта мебарӣ.

— Оҳ хонумҳои накӯкор! — хитоб намуд Шонҳор. — Наход, ки ман бою бадавлат шавам. Ман он тасбеҳро гирифта ба шумо медиҳам!

пешина
аз 200
навбатӣ