Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Рӯзи дигар Шонҳор ба қаср наомад. Хонуми ҷавон роҳи ӯро мепоид. Вале аз ӯ то бегоҳӣ дарак нашуд.
— Эй хони ман, — гуфт вай. — Чаро Шонҳор наомад? Ба вай чӣ шуда бошад?
— Намедонам, — ҷавоб дод хон.
— Ягон хизматгоратро фиристон.
Вай зуд гашта омада гуфт, ки Шонҳор касал шудааст ва сарашро баста нолишкунон хоб кардааст.
— Бечора Шонҳор, — оҳ кашид хонум. — Зуд ӯро ба ин ҷо биёред, ман сиҳаташ мекунам.
Ҳофизро оварда ба рӯи намади сафед хобонданд. Хонум ба пеши вай омада, тасбеҳашро кушоду се бор ба сараш расонид. Шонҳор ба тасбеҳ бо диққат нигоҳ кард, аз кадом санг сохта шудани донаҳои онро ба хотир гирифт.
— Эй хонум, сипос ба шумо, — гуфт ӯ. — Аҳволам хеле нағз шуд.
Баъд ӯ сурудҳои дилнишин сароид.
Рӯзи дигар боз ба қаср наомад.
Хонум гуфт:
— Эй хони ман, иҷозат диҳед, барои Шонҳор одам фиристанам.
— Иҷозат медиҳам.
Хизматгоре ба пеши ҳофиз омад.
— Имрӯз аҳволам тамоман бад аст. Ҳатто як қадам ҳам монда наметавонам. Ба хонум ҳамин хел гӯед, — гуфт Шонҳор.
Хонум гапи хизматгорро шунида мегӯяд:
— Вайро бардошта биёред. Акнун ман медонам, ки ӯро чӣ тавр табобат кардан лозим.
Ҳофизро рӯй даст бардошта оварданд. Хонум тасбеҳро кушода се бор ба сари ӯ расонид. Шонҳор боз тасбеҳро бодиққаттар нигоҳ карда, онро дурусттар ба хотир гирифт.
— Эй хонум, сипос ба шумо. Аҳволам беҳтар шуд. Кошкӣ тасбеҳатонро як бори дигар ба сарам мегузоштед.
Хонум тасбеҳашро як бори дигар ба сари ҳофиз гузошт. Акнун Шонҳор ҳар як донаи онро азёд медонист. Вай оҳе кашида гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё