Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
– Не, эй пири муқаддас, ман ӯро намеранҷонам ва ҳеҷ гоҳ ба хотир намеорам, ки вай аз кӣ таваллуд шудааст. Ман ӯро дӯст доштам.
– Бигузор ҳамин тавр шавад, – гуфт қаландар. – Эй хон, ҳоло дар берун мунтазир шав, ман бо духтар хайрухуш мекунам.
Хон аз чайла баромад. Мӯйсафед тасбеҳашро, ки яксаду ҳашт муҳра дошт, ба гардани духтар овехта гуфт:
– Азизам, акнун ту дар хонаи хон зиндагонӣ хоҳӣ кард. Вай пушту паноҳи ту мешавад. Аммо ту ҳеҷ вақт ин тасбеҳро аз гарданат накушо. Ин тасбеҳ туро аз газаби хон ва аз шарри балоҳо нигоҳ медорад.
Духтар ваъда дод, ки тасбеҳро аз гарданаш ҳаргиз намекушояд ва ҳамроҳи хон баромада рафт. Хон худи ҳамон рӯз тӯю тамошо барпо намуд. Вай ин хонуми ҷавонро хеле нағз дид.
Хон Шонҳор ном сарояндаи дарборӣ дошт. Вай камбағалона рӯз мегузаронд. Дувоздаҳ нафар бачаҳояшро базӯр сер мекард. Ӯ рӯзҳоро пайваста дар қасри хон гузаронда, то бевақтии шаб вақти хон ва хонуми ҷавонро хуш мекард.
Занҳои дигари хон¹ ба зани ҷавон ҳасад мебурданд ва ба газаб меомаданд.
– Ҳамаи мо духтарони хон ва ҳокимҳоем, – мегуфтанд онҳо, – хони бузург ҳамаи моро як хел дӯст медошт. Ягон нафарамонро аз дигарон зеботар ва ягон нафарамонро баднамо намегуфт. Баъд аз омадани хонуми нав ба мо нигоҳ ҳам намекунад! Ӯро нест кардан даркор! Аммо бо кадом роҳ?
Онҳо фикри бисёре карда бошанд ҳам, ягон илож намеёфтанд. Он гоҳ хонуми калонӣ гуфт:
– Ба назди бахшӣ рафтан даркор. Вай ҳама чизро медонад, бо кадом роҳ нобуд кардани хонуми ҷавонро ба мо мегӯяд.
Онҳо ба назди бахшии доно рафтанд.
1 Хонҳо якчанд зан мегирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё