Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Касе ба гӯшаш расид. «Кӣ дар ин дашти беодам суруд мехонда бошад?» — гӯён ба сӯи овоз рафт. Вай ба назди чайлае расид, ки он аз нахла ва алаф сохта шуда буд.

Дар чайла як қаландар ва дар назди ӯ як духтари моҳҷабине менишаст.

Хоҳари хон бо расми аҷдодӣ таъзим карда, дастҳояшро ба шакли гули нилуфар ба ҳам мегузорад ва бо эҳтиром пуштнокӣ меравад. «Дар ин дашти бекас нишасти қаландар мумкин. Дар гӯшаи бедолу дарахт ин хел духтари зебо аз куҷо пайдо шуда бошад?» — аз дил гузаронид вай.

— Аҳволи хони бузург чӣ тавр аст? — пурсид қаландар.

— Мисли пештара. Ӯ ҳоло ҳам фарзанде надорад, ки ақаллан аз гиряаш дилшод шавад.

Хоҳари хон ба хона баргашта он чиро, ки дида буд, ба бародараш нақл намуд.

— Ман ба назди қаландар меравам, — гуфт хон. — Вай бояд он духтарро ба ман диҳад. Эҳтимол, он духтар ба ман писаре таваллуд кунад.

Хон ба пеши қаландар рафт. Иззаташро ба ҷо оварда, ба қаландар туҳфаҳои қиматбаҳо бурд. Хон бо расми аҷдодӣ таъзим карда, дастонашро ба шакли гули нилуфар ба ҳам гузошту чанд қадам қафо рафта гуфт:

— Эй қаландари бузургвор! Агар шумо ҳамин духтарро ба ман ба занӣ медодед, ман хушбахт мешудам. Мумкин ӯ ба ман писаре таваллуд кунад.

— Хайр, чӣ ҳам мегуфтам, бигир, ман розӣ, — ҷавоб дод қаландар. — Вале ман бояд ҳақиқати ҳолро ба ту гӯям. Ман ҳафтод сол дар ин дашти беодам бо тоату ибодат умр гузаронидам. Ҳар рӯз ман ба дарёчае, ки дар самти шарқ ҷорист, рафта таҳорат мекунам. Ба ин дарёча як маймуни қаҳваранге низ барои оббозӣ меомад. Ҳамон маймун ин духтарро таваллуд карда, дар соҳили дарё монда рафт. Ман духтарро гирифта калон кардам. Акнун вай шонздаҳсола шудааст. Эй, хон, бигир ӯро. Аммо агар ягон вақт бедолатӣ карда, ӯро ҳайвонзода мегуфта бошӣ, беҳтараш, нагир. Мон, ки ҳамроҳи ман зиндагӣ кунад.

пешина
аз 200
навбатӣ