Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

НАНАЙҲО

Нанайҳо (голҳо) дар кишварҳои Хабаровск ва Приморск қад-қади дарёҳои Амур ва Уссури зиндагӣ мекунанд.

Забонашон ба гурӯҳи забонҳои тунгусиву манҷурӣ дохил мешавад. Соли 1931 соҳиби алифбо шудаанд. А. Самар (1916 – 1943), А. Пассар (соли таваллудаш 1925) асосгузорони адабиёти советии нанай мебошанд. Григорий Хочер (соли таваллудаш 1929) барои асари сегонаи «Амури бепаҳно» ба мукофоти Давлатии Федерацияи Россия ба номи М. Горкий сазовор шудааст.

Ба мушғулиятҳои асосии нанайҳо моҳидорӣ, шикор, зироаткорӣ ва чорводорӣ илова шудааст.

ОРОЧҲО

Орочҳо – гурӯҳи на чандон калонеанд, ки (1100 нафар) дар кишвари Хабаровск, қад-қади дарёҳои Тумнин ва Ҳунгари зиндагӣ мекунанд. Дар резишгоҳи дарёи Тумнин деҳаи орочнишини Уска-Орочская воқеъ гаштааст.

Забони орочӣ ба гурӯҳи забонҳои тунгусиву манҷурӣ дохил мешавад. Ба забони удегей хеле наздик аст. Забонашон бе алифбост. Танҳо дар хоҷагидорӣ истифода бурда мешавад. Ҳамаи орочҳо забони русиро медонанд.

Орочҳо ба моҳидорӣ, шикори ҳайвонҳои баҳрӣ ва шикор машғул мешуданд. Ҳоло ба онҳо чорводорӣ илова шудааст.

Ороч Будэнгэри Акунка яке аз роҳбаладони сайёҳи машҳур В. К. Арсенев буд. Наслҳои Акунка имрӯз асоси шохаи сершуморитарини (200 нафар) орочҳои авлоди Акункаро ташкил медиҳанд.

пешина
аз 200
навбатӣ