Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

1904), Д. Сивцев (Омоллон) соли таваллудаш 1906) нависандагони машҳуранд. Семён Данилов (соли таваллудаш 1917) барои китоби шеърҳои «Шоми сафед» ва «Аспи сафед Манҷари» сазовори мукофоти Давлатии Федератсияи Россия ба номи М. Горкий (1971) шудааст.

Ба машғулияти асосиашон — чорводорӣ, шикор, моҳидорӣ, зироаткорӣ, кор дар муассисаҳои саноатӣ ва сохтмонҳо илова шудааст. Дар сохтмони маданӣ ба муваффақиятҳои калоне ноил шудааст.

ЭВЕНКҲО

Эвенкҳо (тунгусҳо) дар минтақаҳои васеи Шимоли Ақсо, дар ҷануб аз Енисей, то баҳри Охотск дар шарқ зиндагӣ мекунанд. Дар шимоли кишвари Красноярск округи миллии Эвенкӣ ташкил шудааст. Эвенкҳо дар Федератсияи Россия ҳамагӣ 25 ҳазор нафаранд.

Гузаштагони эвенкҳо дар Прибайкале зиндагӣ мекарданд. Онҳо аз ин ҷо ба шимол, шимоли ғарбӣ ва шимоли шарқӣ ҳаракат карда, дар тамоми минтақаи ҷангалзор паҳн шудаанд.

Эвенкҳо дар миёнаи асри XVII ба давлати Рус ҳамроҳ шуданд.

Эвенкҳо дар иҳотаи ёкутҳо, русҳо, бурятҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди эвенкҳо ба забони ёкутӣ, русӣ ва бурятӣ гап мезананд. Қисми камашон ба забони модарӣ гуфтугӯ мекунад. Забони эвенкӣ ба гурӯҳи забонҳои тунгусиву манҷурӣ тааллуқ дорад. Эвенкҳо соли 1931 соҳиби хат шудаанд. Адабиёт инкишоф меёбад. Алитет Немтушкин (соли таваллудаш 1938) шоир ва нависандаи машҳури эвенк аст.

Эвенкҳо ба шикор, моҳидорӣ, дар шимол ба гавазнпарварӣ, дар Забайкале ба зироаткорӣ машғуланд.

пешина
аз 200
навбатӣ