Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Дар минтақаҳое, ки ҳоло бурятҳо зиндагӣ мекунанд, дар асри XVII бисёр қабилаҳо буданд, ки бурятҳо аз ин қабилаҳо ба вуҷуд омаданд.
Дар асри XVII бурятҳо ба давлати Рус ҳамроҳ шуданд. Забонашон ба гурӯҳи забони муғулӣ дохил мешавад ва шеваҳои бисёр дорад.
Бурятҳо то инқилоб аз алифбои муғулӣ истифода мебурданд. Соли 1931 алифбои худашонро ташкил доданд. Бурятҳо дар муддати кӯтоҳе савод бароварданд. Адабиёташон муваффақияти калон пайдо кард. Нависандаи намоён Хотса Намсараев (1889—1959) асосгузори адабиёти бурят аст. Эпоси қаҳрамонии бурятӣ («Аламжи Мерган»), «Гесер» хеле машҳуранд. Эпоси «Гесер» ба забони русӣ тарҷума шудааст.
Машғулияти асосии бурятҳо чорводорӣ, кӯчманчигӣ ва нимкӯчманчигӣ буд, ба шикор ва моҳидорӣ низ машғул мешуданд. Зироаткорӣ ва кор дар муассисаҳои саноатӣ ба машғулияти асосиашон илова шудааст.
ЁҚУТҲО
Ёқутҳо дар минтақаҳои калони Ҷумҳурии Мухтори Ёқутистон (зиёда аз 3 млн. километри квадратӣ) инчунин гурӯҳҳои на чандон калонашон дар вилоятҳо ва кишварҳои сарҳадӣ зиндагӣ мекунанд. Ёқутҳо 300 ҳазор нафаранд.
Ёқутистон дар аввали асри XVII ба давлати Рус ҳамроҳ мешавад.
Фолклори ёқут бой ва бисёрсоҳа аст. Эпос-олонҳои қаҳрамонии ёқутӣ шуҳрати калон доранд. Асари бунёдии «Нюргун Боотур Стремительный» соли 1975 дар тарҷумаи В. Державин дар Якутск нашр шудааст.
Алифбои ёқутӣ асосан баъди инқилоб ташкил ёфтааст. Адабиёти шӯравии ёқут инкишоф меёбад, асосгузори он инқилобчӣ, нависанда ва ходими ҷамъиятӣ П. А. Ойунский (1893 — 1939) буд. С. Кулачиков-Эллай (соли таваллудаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё