Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Педагогии шаҳри Томск Андрей Петрович Дулзон «Забони кетӣ» аз ҷумлаи онҳост, ки соли 1971 ба мукофоти Давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гаштааст.

Омӯзиши кетҳо — яке аз қадимтарин халқҳои рӯи Замин — таърихи халқҳои сершумори Осиёро метавонад равшан кунад. Кетҳо аз рӯи намуди зоҳириашон аз дигар халқҳои гирду атрофашон ба куллӣ фарқ мекунанд. Баъзе кетҳо чашмкабуданд. (Худи кетҳо тасдиқ мекунанд, ки типи қадимаи енисейҳо ана ҳамин аст). Дигарҳошон ба ҳиндуҳои американӣ монанданд.

Енисейҳо инчунин бо маданияташон аз халқҳои гирду атрофи Сибир ва Шимол фарқ мекарданд. Онҳо гудохтан ва истифода бурдани оҳанро ёд гирифта буданд. 400 — 500 сол пештар енисейҳо дар саргаҳи дарёи Енисей ва Иртиш зиндагӣ мекарданд.

Олимон ҳанӯз дар аввали аср ба монандӣи забонҳои енисей ва забонҳои хитоиву тибетӣ (асосан бирмагӣ), Кавкази шимолӣ ва забони баскҳо, ки дар шимоли Испания зиндагӣ мекунанд, диққат дода буданд.

Кетҳо ба андозаи ҳаракаташон қад-қади дарёи Енисей ба шимол маданияти халқҳои шимол, асосан эвенкҳо ва селкупҳоро, ки бо онҳо дар як минтақа зиндагӣ мекарданд, ба худ қабул карда, дар айни замон маданияти қадимаеро, ки аз ҷануб оварда буданд, гум мекарданд.

Кетҳо дар Енисей ба шикор ва моҳидорӣ машғул мешуданд. Пас аз инқилоби Октябр ба тарзи ҳаёти муқимӣ гузаштанд. Обчакорӣ, чорводорӣ ба машғулияти анъанавии онҳо илова шудааст.

БУРЯТҲО

Бурятҳо дар Ҷумҳурии Мухтори Бурятистон, дар вилоятҳои Чита ва Иркутск зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар Иттифоқи Советӣ 315 ҳазор нафаранд.

пешина
аз 200
навбатӣ