Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
КЕТҲО
Дар байни халқҳое, ки дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, эҳтимол аз ҳама пурасрортаринашон кетҳо бошанд. Онҳоро то револютсия енисеиҳо ва остяқҳо меномиданд. Худашонро кетҳо (одамон) меноманд. Кетҳо бо гурӯҳҳои на чандон калоне дар қад-қади дарёи Енисей аз ҷои ба он ҳамроҳшавии дарёи Сим дар ҷануб, то Курейка дар шимол, инчунин дар поёнобҳои Подкаменная Тунгуска ва қад-қади дарёи Елогуй зиндагӣ мекунанд.
Кетҳо қариб 1200 нафаранд, ба забони кетӣ қариб 900 кас гап мезанад.
Забони кетӣ имрӯз забони ҷудошуда аст, яъне ба ягон оилаи забонҳо дохил намешавад. Вай аз забонҳои халқҳои гирду атроф ба куллӣ фарқ мекунад. Ин забон аз сабаби бениҳоят мураккаб буданаш ва «ҷиҳатҳои бисёри саргумкунандаи шаклҳои грамматикиаш» (А. П. Дулзон) то вақтҳои охир кам омӯхта шуда буд.
Олимон забони кетиро ба оилаи забонҳои енисей дохил кардаанд, ки ба он забонҳои аринӣ, ассанӣ, коттӣ, пумпоколӣ дохил мешуданд. Имрӯз ин забонҳо мурда аз байн рафтаанд. Дар солҳои сиюми асри XVIII олимон ду-се ассании охирин ва як арини мӯйсафедро диданд, дар миёнаҳои асри XIX панҷ одамеро ёфтанд, ки забони коттиро медонистаанд. Ҳамин тавр забони кетӣ охирин забони оилаи забонҳои енисеист, аммо он ҳам нобуд мешавад, чунки ҳамаи кетҳо махсусан ҷавонҳо дузабонаанд, забони русиро нағз медонанд. Ин забонро дар кору бори ҳаррӯзаашон истифода мебаранд. Ба забони кетӣ адабиёт вуҷуд надорад. Забонаш ҳам бе алифбост. Аз ин ҷо равшан аст, ки омӯзиши таъхирнопазири ин забон хеле зарур аст. Илми ватанӣ ва ҷаҳонӣ ба кетҳо ва забони кетӣ ҳусни таваҷҷуҳи калон доранд. Бахшида ба ин халқ ва забони он аллакай бештар аз сесад асар навишта шудааст. Асари бунёдии профессори институти давлатии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё