Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Пас аз ҷанги гражданӣ (1918–1921), пас аз хориҷ гардидани гвардиячиёни сафед ва интервентҳо аз Тува Республикаи Халқии Тува эълон карда шуд, ки тақдири худро бо давлати Шӯравӣ пайваст карда буд. Соли 1944 Тува ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ шуд.

Соли 1930 алифбои миллӣ ташкил шуда буд. Адабиёти Тува дар асоси фолклори бой зуд инкишоф ёфт. Нависандаи машҳур ва ходими давлатӣ Салчак Тока (1901–1974) асосгузори адабиёти Тува аст. Повести вай «Слово арата» сазовори мукофоти Давлатии СССР (соли 1951) гаштааст. Шоирон С. Сариг-оол (соли таваллудаш 1908), С. Пюрбю (1913–1975), Ю. Кюнзегеш (соли таваллудаш 1927) маълуму машҳуранд.

Ба машғулияти anъанавияшон — чорводорӣ, шикорчигӣ, зироаткорӣ, кор дар муассисаҳои шӯравӣ ва сохтмонҳо илова шудааст.

ТОФАЛАРҲО

Тофаларҳо (тофа) гурӯҳи на чандон калони (620 нафар) туркзабонанд. Онҳоро пештар карагасҳо меномиданд. Худашонро туба (шакли ҷамъаш тубалар) меноманд. Дар вилояти Иркутск, дар саргаҳи дарёҳои Бирюса, Уди, Ии зиндагӣ мекунанд. Туваҳо ва тоҷинҳо ҳамсояҳои шарқии онҳоянд. Тофаларҳо аз ҷиҳати пайдоиш, маданият ва забон ба тоҷинҳо наздиканд. Онҳо ба мисли тоҷинҳо шикорчиёни моҳир буда, гавазнҳои шимолӣ мепарваранд.

Забонашон бе алифбост. Тофаларҳо саводноканд, ҳамаашон забони русиро медонанд.

Шарқшиноси машҳур Н. Ф. Катанов (1862 – 1922) дар охири асри XIX ба навиштани фолклори тофаларӣ машғул шуда буд.

Машғулияти асосиашон шикор ва гавазнпарварист. Баъд аз муқимӣ шудан ба чорводорӣ ва боғчакорӣ низ машғуланд.

пешина
аз 200
навбатӣ