Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Шоири машҳур, нависанда ва лингвист Шоири Халқии Қирғизистон Ясир Шиваза (соли таваллудаш 1906) асосгузори адабиёти советии дунган мебошад.

Машғулияти асосии дунганҳо зироаткорист. Дунганҳо ба Осиёи Миёна шоликорӣ, рӯёнидани лолаарӯсаки давой ва баъзе намудҳои сабзавоту меваро овардаанд.

ХАКАСҲО

Хакасҳо дар вилояти автономии Хакасск, дар ҷануби кишвари Красноярск, дар соҳилҳои дарёи Енисей ва Абакан зиндагӣ мекунанд. Хакасҳо қариб 70 ҳазор нафаранд.

Пештар хакасҳоро тоторҳои абаканӣ (ё минусинӣ) меномиданд.

Инҳо ҳамсояқабилаҳои қачинҳо, кизилҳо, сағайҳо, қойбалҳо, балтирҳо, шортсҳо ва дигар қавмҳо буданд.

Ин қабилаҳо бо тарзи зиндагӣ ва забон ба ҳам наздиканд. Онҳо дар давраи шӯравӣ ба халқияти ягона муттаҳид шуда, хакасҳо ном гирифтанд.

Хакасҳо соли 1924 соҳиби хат шуданд. Ба забони хакасӣ матбуоту адабиёт инкишоф ёфт.

Н. Г. Доможаков (соли таваллудаш 1916) М. Е. Килчичаков (соли таваллудаш 1919) нависандагони машҳури хакасанд.

Машғулияти асосиашон – чорводорӣ (гӯсфанд, буз, чорвои калони шоҳдор, асп) ва зироаткорист.

ТУВАГИҲО

Тувагиҳо дар саргаҳи дарёи Енисей, дар Тувинск зиндагӣ мекунанд. То революсия тувагиҳоро урянхайтсҳо, сойотҳо, сойонҳо меномиданд. Тувагиҳо худашонро тива киши (одам) меноманд. Онҳо қариб 140 ҳазор нафаранд. Забонашон ба гурӯҳи забонҳои туркӣ дохил мешавад.

пешина
аз 200
навбатӣ