Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Шумораашон 175 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Қисми асосии уйғурҳо (4 миллион нафар) дар ноҳияи мухтори Уйғуристон – Синтсзяни Хитой зиндагӣ мекунанд.

Уйғурҳо то револютсия таранчӣ (деҳқон), кошгарӣ (бошандагони Қошгар), оқсулук (мардуми Оқсу) ва сартҳо ном доштанд. Соли 1921 дар анҷумани намояндагони зиёии уйғур бо таклифи забоншиноси барҷастаи советӣ С. Е. Малов номи қадимаи уйғур аз нав барқарор карда шуд.

Дар асрҳои миёна давлатҳои феодалии уйғурӣ вуҷуд доштанд, ки дар давраи авҷи аълои тараққиёти онҳо маданияти ба худ хос ва адабиёт ба вуҷуд омада буд. Шоири машҳури асри XI Юсуф Баласагунӣ ба забони қадимаи уйғурӣ эҷод кардааст.

Забони уйғурӣ муддатҳои зиёд ҳамчун забони муносибатҳои байнимиллии Осиёи Миёна хизмат кардааст.

У. Муҳаммадӣ (1906 – 1931), Т. Ҳасанов (1909 – 1937), И. Искандаров (1906 – 1970) асосгузарони адабиёти навини уйғур мебошанд. Забони уйғурӣ ба гурӯҳи забонҳои туркӣ дохил мешавад.

ДУНГАНҲО

Дар мамлакати мо дунганҳо дар Қирғизистон ва Қазоқистон зиндагӣ мекунанд. Дунганҳои Осиёи Миёна 139 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Қисми асосии дунганҳо (4 миллион нафар) дар Хитой зиндагӣ мекунанд. Гузаштагони дунганҳои осиёимиёнагӣ солҳои 70-80-уми асри XIX, баъд аз паҳш карда шудани шӯриши дунганҳо соли 1862 – 1877 ба Россия кӯчидаанд.

Забонашон ба гурӯҳи хитоиву тибетӣ тааллуқ дорад ва аз забонҳои арабӣ, форсӣ ва русӣ ба таркибаш бисёр калимаҳо дохил шудаанд.

Хати дунганҳои осиёимиёнагӣ соли 1926 ташкил ёфтааст. Аз соли 1952 ба алифбои русӣ гузаштаанд.

пешина
аз 200
навбатӣ