Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Соҳили рости Волга қарор гирифтаанд. Онҳо соли 1609 ба ҳайати давлати рус дохил шудаанд.

Забони қалмиқӣ ба гурӯҳи забонҳои муғулӣ дохил мешавад. Қалмиқҳо то миёнаҳои асри XVII аз хати вертикалии муғулӣ истифода мебурданд. Соли 1648 донишманди маорифпарвар Зая-Пандит дар асоси хати муғулӣ хати қалмиқиро ташкил дод.

Ин хат то солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ вуҷуд дошт. Вале он нуфузи калон надошт, танҳо ба рӯҳониёни буддой фаҳмо буду халос.

Соли 1924 дар асоси алифбои русӣ алфавити нав тартиб дода шуд. Вай барои саросар саводнокшавии омма роли калон бозид. Адабиёти навини қалмиқ рӯ ба тараққӣ ниҳод.

Шоири машҳури муосири қалмиқ лауреати Мукофоти Давлатии СССР (1976) Давид Кугультиновро (соли таваллудаш 1922) дар мамлакатамон нағз медонанд.

Халқи қалмиқ фолклори бойтаринеро эҷод кардааст. Эпоси қаҳрамонии «Чангар» (асри XV) қуллаи онро ташкил медиҳад. «Чангар» дар тарҷума ба забони русӣ борҳо нашр шудааст. Дар эҷодиёти даҳонии халқии қалмиқӣ ҷои асосиро афсона ишғол мекунад. Шарқшиноси советӣ академик Б. Я. Владимиртсев Қалмикистонро баъд аз Ҳиндустон ватани дуюми афсона номидааст.

Машғулияти асосии қалмиқҳо дар гузашта чорводории кӯчманчигӣ ва нимкӯчманчигӣ буд.

Баъд аз революсия қалмиқҳо муқимӣ шуда зироаткорӣ ва баъд саноатро тараққӣ доданд. Интеллигенсияи миллӣ шакл гирифт.

Пойтахти Қалмикистон — шаҳри Элиста мебошад.

УЙҒУРҲО

Дар мамлакати мо уйғурҳо дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зиндагӣ мекунанд, ки

пешина
аз 200
навбатӣ