Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Дар асрҳои XIV-XV миллати рус шакл гирифта, дар атрофи Москва давлати муттамаркази Рус ташкил ёфт. Дар асрҳои XVI-XVII русҳо дар Поволжеи Поён, Урал, Кавкази Шимолӣ, Сибир, дар асрҳои XVIII-XIX дар Прибалтика, Минтақаҳои назди Сиёҳзамин, Кавказ, Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Шарқи Дур муқимӣ шуданд.

Русҳо дар ҳама ҷо бо бошандагони маҳаллӣ алоқаи зич карда, ба онҳо аз ҷиҳати маданӣ ва иқтисодӣ таъсири худро мегузоштанд ва дар айни замон маданияти онҳоро қабул мекарданд.

Забони русӣ ба гурӯҳи забонҳои славянӣ тааллуқ дорад.

Забони қадимаи русӣ (асоси забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ) аз асри VII то асри XIV вуҷуд дошт. Дар асри X алифбо ба вуҷуд омад, адабиёт ба инкишофёбӣ сар кард. («Гуфтор дар бораи Полки Игорь).

Забони русӣ — забони муносибатҳои байни миллатҳост. Вай ҳамчун забони байналмилалӣ торафт моҳияти бештаре пайдо карда истодааст. Имрӯз онро дар хориҷа бештар аз 20 миллион нафар одамон омӯхта истодаанд.

Афсонаҳои русӣ диққати бисёри адибони машҳурро ба худ кашида буданд. (А. С. Пушкин, П. П. Ершов, Л. Н. Толстой, А. Н. Толстой). Асари сечилдаи А. Н. Афанасев «Афсонаҳои халқии русӣ» хеле машҳур гаштааст. Дар рӯзҳои мо ба нақли афсонаҳои русӣ А. Н. Нечаев (соли таваллудаш 1902) машғул аст.

ҚАЛМИҚҲО

Қалмиқҳо дар Қалмикистон ва вилоятҳои ҳамҳудуди он — Астрахан, Ростов ва кишвари Хабаровск зиндагӣ мекунанд. Шумораи қалмиқҳо 137 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Гузаштагони қалмиқҳо — ойратҳо — дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд. Ойратҳо дар охири асри XVI ба Россия кӯчида 40 сол ба самти ғарб ҳаракат карда, дар даштҳои

пешина
аз 200
навбатӣ