Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ЭСКИМОСҲО

Калимаи «эскимос» аз калимаи ҳиндугии «эскимантсик» — «гӯштхӯри хом» ба вуҷуд омадааст.

Эскимосҳо дар минтақаҳои арктикии Канада ва Гренландия зиндагӣ мекунанд. Дар рӯи Замин ҳамагӣ 80 ҳазор эскимос зиндагӣ дорад.

Дар Федератсияи Россия дар соҳилҳои баҳри Беринг ва округи миллии Чукотск эскимосҳои осиёӣ (1300 нафар) зиндагӣ мекунанд.

Забони эскимосӣ ба оилаи махсуси забонҳои эскимосиву алеутӣ дохил мешавад. Аз сабаби он ки эскимосҳо дар ҳудудҳои калон бо гурӯҳҳои аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд, забонашон ба 4 шева ҷудо шудааст. Эскимосҳо соли 1932 соҳиби алифбо шуданд. Мактаббачаҳо ду соли аввал ба забони эскимосӣ хонда, баъд ба забони русӣ мегузаранд. Эскимосҳо дар байни аҳолии забонашон чукотӣ зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ, забони чукотиро баробари забони модариашон медонанд.

То инқилоби Октябр забон ва фолклори эскимосҳоро бадаргашудаи сиёсӣ нависанда ва олим В. Г. Богораз (1865 – 1936), дар замони советӣ олимон Е. С. Рубцова, Г. А. Меновщиков омӯхтаанд. Юрий Анко (1930 – 1960) шоири машҳури эскимосҳост.

Шикори тюлен, морж ва наҳанг машғулияти асосии эскимосҳо ба шумор меравад.

пешина
аз 200