Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Халта андохт. Баъд халтаро ба пушт гирифта ба хона рафт. Вай ба юрти худ омада халтаро ба замин гузошт. Падараш ӯро дида гуфт:
— Гумон кардам, ки туро куштанд.
Какалахак гуфт:
— Кӣ маро мекушад?
Падар хомӯш монд. Какалахак низ хомӯшона даҳони халтаашро кушода бурут ва гӯшти наҳангро баровард. Модараш гуфт:
— Ту инҳоро аз куҷо гирифтӣ?
Какалахак гуфт:
— Ман ҳокимро мағлуб кардам. Инҳоро вай ба ман дод. Ана, бурути наҳанг. Аз яктоаш сатил созед, аз дигараш тӯрҳалта.
Инро гуфта Какалахак хомӯш монд. Модар гӯшти наҳанг пухт. Баъд онҳо хӯрок хӯрданд. Пас аз хӯрок хоб карданд. Аз хоб бедор шуда боз хӯрок хӯрданд. Какалахак гуфт:
— Акнун боз ба Сивукак бармегардем. Дигар ҳоким барои мо даҳшатовар нест.
Онҳо ярангро ғундошта ба Сивукак кӯчиданд. Дар он ҷо яранг барқарор карданд. Зиндагониашон нағз шуд. Зимистон гузашту боз тобистон омад. Аз қишлоқҳои гуногун ба Сивукак меҳмонон омаданд. Онҳо қайиқҳояшонро ба соҳил кашида, хона ба хона рафтанд. Сивукакиҳо меҳмонҳоро нағз қабул карда, нағз зиёфат мекарданд. Онҳо баъд аз зиёфат гуфтанд:
— Акнун мусобиқа барпо мекунем.
— Мо ҳам дар мусобиқа иштирок мекунем, — гуфтанд меҳмонон.
Гӯштигирӣ сар шуд. Бисёриҳо гӯшти гирифтанд. Вақте гӯштӣ тамом шуд, ҳоким гуфт:
— Какалахак, биё, зӯрозмоӣ мекунем. Биё, дар ҳавои кушод, дар майдони васеъ гӯштӣ мегирем.
Какалахак гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё