Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Апааш ба ӯ ҷомаи боронӣ дод. Какалахак онро пӯшид. Ҳоким гуфт:

  • Ба миёна баро. Ҳозир ман зӯр меозмоям.
    Какалахак ба миёна баромад, вай аз ҷояш ҷаҳида тоб мехӯрд ва ба по рост меистод. Ҳоким ӯро доштанӣ мешуд, аммо наметавонист. Вай монда шуда, ба замин нишаст. Какалахак гуфт:
  • Баро, акнун ман зӯр меозмоям.
    Ҳоким набаромад. Аммо Какалахак ӯро дошта ба миёна ҳаво дод. Ҳоким сар ба замин зада ҳамон лаҳза мурд. Какалахак ба апааш гуфт:
  • Дилат ба шавҳарат месӯзад? Ту охир бача дорӣ!
  • Дилам сӯзад, чӣ кор мекунам? - ҷавоб дод апааш. - Агар дилат сӯзад, тасмаро те, - гуфт Какалахак. - Ман ӯро зинда мекунам.
    Апааш тасмаро ба ӯ дод. Какалахак бо тасма ҳокимро зад. Ҳоким аз ҷо хеста гуфт:
  • Ту зӯртар будӣ, Какалахак.
    Какалахак ба апааш гуфт:
  • Ман меравам, халтаи пӯсти хуки обиро бо худам мегирам.
    Ҳоким ба занаш гуфт:
  • Халтаро пури гӯшт карда деҳ.
    Вай ҳалтаро аз гӯшт пур кард. Какалахак онро гирифта рафт. Ӯ дар назди соҳил гӯшти наҳангро дид. Онро ду кас посбонӣ мекарданд. Як посбон гуфт:
  • Какалахак омад.
    Какалахак гуфт:
  • Ман омадам. Ҳозир бурути наҳангро мебурам, - гӯён вай ба об даромад. Баъд ба наҳанг наздик шуда, бурути онро бурид.
    Посбон гуфт:
  • Бас, шуд, Какалахак, ҳоким хашмгин мешавад.
    Какалахак ду бурути наҳангро бурида онро печонда ба
пешина
аз 200
навбатӣ