Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Укаманан пӯстинро пӯшида ба роҳ баромад. Вай бошитоб роҳ рафта ба деҳа наздик шуд. Марде ӯро дида фарёд кард:
– Хирс! Хирси калон!

Одамони деҳа бо камону найза давида баромаданд. Укаманан аз тарс гиря мекард, вале овозаш ба ғурриши хирс монанд буд. Он вақт Укаманан сарпӯшашро бардошт. Ҳама рӯи ӯро диданд. Як мард гуфт:
– Укаманан ба назди мо омад. Туро боз ба чуқча мефурӯшем. Ҳоло бошад, ба чайлаи ман биё.

Укаманан ба чайлаи он мард рафта зиндагӣ кард. Зиндагиаш бад ва хӯрокаш хеле кам буд. Як бегоҳӣ ба лаби соҳил омада нишасту хеле гиря кард. Гиря мекарду мегуфт:
– Падарҷон, модарҷон, шумо агар медидед, ки аҳволам чӣ хел бад аст. Медидед, ки ба ман чӣ қадар хӯроки кам медиҳанд.

Баъд ӯро хоб бурд. Хоб дид, ки аз ҷазира як қайқ ба соҳил шино карда омад. Қайқрон мегуфт: «Укаманан, ба назди мо биё, мо аз ҷазира омадем». Вай ба назди онҳо, ба қайқ савор шуд. Одамон бел мезаданд ва қайқ ба ҷазира расид. Укаманан аз қайқ фуромада ба замин нишаст. Марди қайқбон аз қайқ як пора пӯсти равғандори наҳангро партофта гуфт: «Инро тӯшаи роҳ кун».

Ҳамин вақт Укаманан бедор шуда худашро дар ҷазира дид. «Мумкин ман мурда бошам», – фикр мекард ӯ. Вай атрофро як бори дигар аз назар гузаронда, дар соҳил наҳанги калонеро дид. Онро мавҷи баҳр ба соҳил партофта буд.

Укаманан ба хонаашон равон шуд. Юрти худашонро ёфт. Вай аз дар сар дароварда гуфт:
– Эй, кӣ ҳаст дар ин ҷо!
Падараш гуфт:
– Хомӯш! Овози Укаманан барин!
Модараш гуфт:
– Укаманан намеояд. Вай чунон дур аст, ки!
Укаманан бошад, боз овоз дод:
– Эй, кӣ ҳаст дар ин ҷо!
Падараш гуфт:

пешина
аз 200
навбатӣ