Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Духтар хизматтори чукча шуд – об меовард, чорук медӯхт, чоруки хеле бисёр дӯхт. Ӯ доим фикр мекард, ки чӣ тавр гурехта ба хона равад. Як рӯз барои гурехтан тайёрӣ дид. Як халта гӯшт ва як ҷуфт чорук гирифта, ба роҳ баромад. Хеле роҳ рафт, баъд дар ягон ҷо дам гирифта хӯрок мехӯрд, баъд хоб мерафт. Баъд аз хоб хеста, боз хӯрок мехӯрду боз ба роҳ медаромад.

Дар роҳ як юртро дида, ба он даромад. Юрт холӣ буд. Духтар нигоҳ карда, дар як тарафи девор гӯшти гавазн ва дар тарафи дигар гӯшти одамро дид. Укаманан бисёр тарсид. Ҳамин вақт зане пайдо шуда омаду пурсид:
– Ту кистӣ?
– Ман аз ҷазираам, – гуфт Укаманан. – Одамони соҳили баҳр маро дуздида ба чукча фурӯхтанд.
– Акнун ба куҷо меравӣ? – пурсид он зан.
– Ба деҳа меравам, аз он ҷо ба ҷазира мегузарам, – ҷавоб дод Укаманан. Онҳо хӯрок хӯрданд. Баъд зан ҷогах андохта гуфт:
– Маро хеле сахт хоб мебарад. Ана ин косахонаи сари морж. Саҳарӣ бо ҳамин косахона ба сари ман зан.

Укаманан саҳарӣ бедор шуда, занро бедор карданӣ шуд, вале ӯ ҳеҷ бедор намешуд. Укаманан косахонаро гирифта ба сари ӯ заданӣ шуд, вале тарсида онро ба ҷояш гузошт. Худи зан бедор шуд. Вай ранҷида гуфт:
– Ту чӣ хел гапнодаро будай! – ва баъд илова намуд: – Ту натарс. Ман ҳамин тавр гуфтам.

Баъд хӯрок хӯрданд. Тамоми рӯзро дар хона гузарониданд. Вақте ки ҳаво торик шуд, боз хӯрок хӯрда хоб рафтанд. Зан пеш аз хоб гуфт:
– Агар саҳарӣ маро бо косахонаи сари морж зада бедор накунӣ, туро мехӯрам.

Саҳарӣ Укаманан аз хоб бедор шуда, косахонаи сари моржро гирифта ба сари зан зад. Зан бедор шуд ва хандида гуфт:
– Имрӯз ба роҳ мебароӣ. Вақте ки рафтанӣ шудӣ, пӯстини маро пӯш. Охир, ман одам нестам. Ман модаҳирси хокистаррангам.

пешина
аз 200
навбатӣ