Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Онҳо аз юрт баромаданд. Китсинику ба ӯ гуфт:
– Ба гулхан ҳезумро бисёртар гузор. Вақте ки аланга баланд мешавад, ба он зан гӯй: «Ба оташ наздиктар шишин, хунук хӯрдай».
Китсинику ин гапро гуфту онҳо хомӯшона ба яранга даромаданд. Духтар оташи калон фурӯзон кард. Аланга баланд шуд. Духтар ба он зан гуфт:
– Ба алов наздиктар шишин охир, хунук хӯрдай.
Он зан ба гулхан наздик шуд. Дар ин вақт Китсинику бо тамоми қувват ӯро ба оташ тела дод. Он зан ҳамон дам ба ғамбуски калони сиёҳ табдил ёфт. Ғамбуск чирросзанон ба мӯрӣ ҷаҳид, аммо аланга баланд буд ва қанотҳои онро сӯзонид. Вай ба оташ афтида қасарросзанон сӯхт.
Китсинику ба ҷустуҷӯи занаш рафт. Ба қафо, ба тундра, ба он ҷое, ки обкобӣ рафта буд, баргашт. Вай занашро ёфта ба юрти калон овард. Онҳо дар ҳамон ҷо монданд. Зиндагиашон хуб мегузашт. Китсинику гавазнҳоро мечаронд. Онҳо худашон юрт доштанд ва дар юрти худашон зиндагӣ мекарданд.
Баъд Китсинику ба ивази меҳнаташ як ҷуфт гавазни нару мода гирифт. Модагавазн ҳар дафъа ду баррагавазн мезоид.
Китсинику соҳиби рама гардид. Зиндагиашон бисёр нағз шуд.
Ҳамааш ҳамин.
ДУХТАРЧА УКАМАНАН
Мегӯянд, ки ин воқеа дар замонҳои хеле қадим рӯй додааст. Одамон аз соҳилҳои баҳр ба ҷазира омадаанд. Дар ҷазира як духтарча ва як писарчаро дуздидаанд. Духтарча Укаманан ва писарча Кангу ном дошт. Онҳоро барои фурӯхтан ба соҳил, ба назди чукҷаҳои гавазнбон оварданд.
Рӯзи дигар чукҷа-гавазнбон Укамананро ба ивази сӣ гавазн аз ин одамон харида ҳамроҳи худ бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё