Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
хӯрок талаб мекунад. Китсинику боз як гавазнро кушт. Навбат ба гавазни охирин расид. Китсинику гирякунон онро ҳам кушт. Вақте ки онро ҳам хӯрда тамом карданд, шамол хомӯш шуд.
Шамол ором ва ҳаво соф гардид. Китсинику ба занаш гуфт:
– Агар дар ин ҷо монем, аз гуруснагӣ ҳалок мешавем. Кӣ ба мо хӯрок медиҳад? Мо ҳамсоя надорем. Юртро ғундоштан даркор. Ба ҷое рафтан лозим, ки юрти бисёр, як қишлоқ барин бошад. Касе, ки гавазни бисёр дошта бошад, ба пеши ҳамон кас меравем. Гавазнҳои ӯро чаронда рӯз мегузаронем.
Китсинику инро гуфта хомӯш монд. Баъд хомӯшона юртро ғундошта ба чана бор кард. Зану писарашро ҳам ба болои он шинонд. Баъд худаш чанаро кашола карда бурд.
Ӯ чанаро аз тундраи сап-сафед ба тарафи ғарб мекашид. Дар роҳ писараш гиря кард, ташна монда буд. Китсинику истода тасмаи чанаро аз гарданаш кушод ва ба занаш гуфт:
– Аз тарафи чап соҳил аст. Аз рост, эҳтимол, ботлок бошад. Ба ҳамон ҷо меравам, шояд аз ботлок об ёбам.
Занаш розӣ шуда гуфт: «Рав, Китсинику!». Ва ӯ рафт. Вақте ки вай аз чашм нопадид гашт, ногоҳ аз ким-куҷо зане пайдо шуд. Вақте ки ӯ ба чана наздик омад, зани Китсинику пурсид:
– Ту аз куҷо омадӣ?
– Аз куҷо омадам? Аз ҷои дур омадам, – ҷавоб дод ӯ. Ва илова намуд: – Ба ман наздиктар биё!
Зани Китсинику кӯдакафро монда аз чана фаромад ва ба зан наздик шуд. Он зан зани Китсиникуро аз сараш дошта, рӯяшро ба рӯи ӯ молид. Баъди ин рӯи вай айнан чун рӯи зани Китсинику гардид. Он зан гуфт:
– Ман ба кӯдакат нигоҳ карда меистам, ту ҳам рав, об ҷустуҷӯ кун. Ҳо ба он ҷо рав.
Зани Китсинику ба суханони ӯ бовар карду ба обкобӣ рафт. Вақте ки рафта аз чашм пинҳон гардид, он зан зуд ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё