Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
АФСОНАҲОИ ЭСКИМОСӢ
ГАВАЗНБОН КИТСИНИКУ
Ин воқеа дар замонҳои хеле қадим рӯй дода буд. Дар тундра Китсинику ном гавазнбон зиндагӣ мекард. Вай зан ва як писарча дошт. Ӯ дорои ҳафт гавазн буд, ки онҳоро дар тундра мечаронд. Ана ҳамин тавр рӯз мегузарониданд. Рӯзе шамоли сахт вазиду хеле вақт давом ёфт. Чӣ бояд кард? Берун баромадан мумкин набуд. Бӯрон касро аз пой мегалтонд. Китсинику як гавазнро кушт. Гӯшти ин гавазнро хӯрда зиндагӣ мекарданд. Шаш гавазн монда буд. Бӯрон бошад, ҳамоно идома дошт. Хӯрокворӣ ба охир мерасид. Китсинику гавазни дуюмро кушт. Гӯшти онро ҳам хӯрда тамом карданд. Аммо бӯрон ҳамоно дар гардиш буд. Гавазни сеюмро куштан лозим омад. Чорто гавазн монда буд... Вақте ки Китсинику гавазни чорумро кушт, сетои дигар гавазн монд. Аммо бӯрон охир надошт. Зиндагӣ карда, хӯрдан даркор буд. Як гавазни дигарро куштан лозим омад. Дуто гавазн монд. Шамол бошиддат вазида барфро пешандоз карда мебурд. Чашм ҳеҷ чизро намедид. Китсиникуи бечора мехост, ки ду гавазни охиринашро нигоҳ дорад. Мехост, ки аз онҳо насл гирад. Аммо чӣ хел нигоҳ дорад? Писарча гиря карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё